Ташрифи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Хоразм

Дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Ӯзбекистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хоразм ташриф овард. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ Эмомалӣ Раҳмонро Ппезиденти кишвари дӯсту ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳмоннавози ӯзбек самимона истиқбол гирифтанд. Гуфта мешавад, пас аз истиқбол сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Корхонаи муштараки […]

Asia-Plus

Дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Ӯзбекистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хоразм ташриф овард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ Эмомалӣ Раҳмонро Ппезиденти кишвари дӯсту ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳмоннавози ӯзбек самимона истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, пас аз истиқбол сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Корхонаи муштараки ӯзбекистонию чинии истеҳсоли мошинҳои соҳаҳои сохтмонию кишоварзӣ боздид карданд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин корхона асосан банду басти мошинҳои калонҳаҷми бинокорию кишоварзӣ ва истеҳсоли зиёда аз 40 намуди техникаи бинокорӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба Фабрикаи қолинбофии Ҷамъияти масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” ташриф оварда, бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона тӯли 45 сол фаъолияти пурсамар дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2 июн аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди дуҷониба дар сатҳи олӣ байни ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.