Захмиҳо аз ду тараф. Манбаъ: Марзбонони қирғиз ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданд

Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар марз бо Қирғизистон, дар мавзеи “Пули Офтобруӣ”, ки 10-километр дуртар аз маркази ин ҷамоат воқеъ аст, миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сар задааст. Як манбаъ бидуни зикри ном аз ҷамоати Ворух дар суҳбат ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки задухӯрд пас аз вуруди марзбонони қирғиз ба қаламрави зери назорати марзбонони тоҷик […]

Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар марз бо Қирғизистон, дар мавзеи Пули Офтобруӣ”, ки 10-километр дуртар аз маркази ин ҷамоат воқеъ аст, миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сар задааст.

Як манбаъ бидуни зикри ном аз ҷамоати Ворух дар суҳбат ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки задухӯрд пас аз вуруди марзбонони қирғиз ба қаламрави зери назорати марзбонони тоҷик оғоз шудааст.

«Сарҳадбонони қирғиз ба қаламрави мо гузаштанд, он ҷойро низомиёни мо посбонӣ мекунанд. Нахуст ба онҳо ҳушдор дода шуд, ки ин қаламравро тарк кунанд, аммо онҳо ба талаби низомиёни мо беэътиноӣ карданд», – гуфт манбаъ.

Манбаъ афзуд, миёни марзбонон аввал баҳси лафзӣ ба миён омад ва пасон ба тирпаронӣ кашида шуд. 

Як манбаъ дар мақомоти шаҳри Исфара ба "Азия-Плюс" захмӣ шудани як марзбони тоҷикро таъйид кард ва гуфт, ки ӯ дар беморхона бистарӣ шудааст ва вазъи сиҳатияш муътадил гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи дигари “Азия-Плюс” гуфт, ба пизишкони бемористон дастур дода шудааст, ки ба қабули захмиён омода бошанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизӣ аз вуҷуди захмиҳо аз ду тараф хабар медиҳанд.

То нашри ин хабар мо имкони тамос бо маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳрдории Исфараро пайдо накардем.

Ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро муттаҳам мекунад

Дар ҳамин ҳол, хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо нашри як баёния ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҳодиса муттаҳам кардааст.

«Ҳангоми адои хидмат дар мавзеи Булоқ-Боши вилояти Бодканд неруҳои марзбонии Қирғизистон ошкор кардаанд, ки марзбонони Тоҷикистон  ғайриқонунӣ хатти марзро убур карда, ба қаламрави Қирғизистон гузаштаанд”, омадааст дар баёния.

Гуфта мешавад, гӯё марзбонони тоҷик ба огаҳии ҳамтоёни қирғизи худ беъэтиноӣ карда қаламрави Қирғизистонро тарк накарда, ба сӯи низомиёни қирғиз оташ кушоданд. Миёни марзбонони ду кишвар задухӯрд ба амал омад, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон аз миномёт истифода кардааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад бино ба маълумоти пешакӣ аз ҷониби Қирғизистон захмиён ё кушташудагон вуҷуд надорад.

Бояд, гуфт, ки ба далели номуайян будани хати марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон сари чанд вақт муноқишаҳоҳи хунин ба вуҷуд меоянд. Қаблан дар марзи ҷамоати Хистеварзи вилояти Суғд, миёни марзи Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 12 апрел муноқиша сар зада буд, ки дар натиҷаи тирпапронӣ як марзбони 27-солаи тоҷик Зоир Сайдумаров кушта шуд.

Он замон низ ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро ба убури марз муттаҳам карда буд. Аммо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар посух ба ин иддаои ҷониби ҳамсоя расман чизе нагуфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.