Умедаи 18-сола боз бедарак шудааст. Чанд бори дигар ҳам бедарак шуда буд, ки пайдояш карда буданд

Умеда Аҳадова, як сокини Душанбе, ки 23-юми март бедарак ва баъдан аз Норак пайдо шуд, дигарбора бедарак шудааст. Наздиконаш бори  дигар аз мардум мехоҳанд дар пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд. Ин ҷавондухтар рӯзи 1 июн, соати 22-и шаб аз хона баромада бедарак шудааст.  Кофтукб ва талошҳои наздиконаш то кунун натиҷае надодааст. Самирҷон, писари холаи Умеда дар суҳбат ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Умеда Аҳадова, як сокини Душанбе, ки 23-юми март бедарак ва баъдан аз Норак пайдо шуд, дигарбора бедарак шудааст. Наздиконаш бори  дигар аз мардум мехоҳанд дар пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд.

Ин ҷавондухтар рӯзи 1 июн, соати 22-и шаб аз хона баромада бедарак шудааст.  Кофтукб ва талошҳои наздиконаш то кунун натиҷае надодааст.

Самирҷон, писари холаи Умеда дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки се рӯз мешавад, ки кофтукоби онҳо натиҷае надодааст. Ҳоло намедонанд, ки  духтари холааш дар куҷо ва дар чӣ шароите қарор дорад. Самирҷон мегӯяд, аз бедарак шудани Умеда нигарон аст, чун ӯ гирифтори бемории руҳӣ мебошад.

Ба гуфтаи ин ҷавон, Умеда ҳамроҳи модараш танҳо зиндагӣ мекунад ва ҳамеша зери назорат аст, вале  баъзан аз фурсат истифода бурда аз хона танҳо берун мешавад.

Ӯ гуфт, ки шаби 1-уми июн низ аз хоб будани модараш истифода бурда,берун баромадааст.

«Вақте Умеда мебинад модараш алакай хоб аст калиди хонаро, ки модараш дарро қулф карда дар даст гирифтааст, ба оҳистаги гирифта дарро мекушояд ва бозпас калидро дар назди модараш мегузорад. Модараш баъди муддате бедор мешавад, мебинад калидҳо дар наздашан, вале духтараш нест. Ӯ духтарашро садо мекунад, вале  ҷавоб намегирад. Дарҳол ба назди дар меравад, ки дар бо калид кушода шудааст ва Умеда дар хона нест», – қисса кард Самирҷон.

Ин ҷавон мегӯяд, ки баъди нашри хабари бедарак шудани Умеда дар шабакаиҳои иҷтимоӣ, ронандаи таксие ба онҳо тамос гирифта гуфтааст, ки ҷавондухтаро дар маҳаллаи 84-и пойтахт дидааст ва ӯ ба шаҳри Ваҳдат равона будааст.

«Ронандаи таксӣ занг зада гуфт, ки Умеда гуфтааст, ки бояд ба хонаи дугонааш ба Ваҳдат меравад ва баъдан ҳамроҳ ба маъракае мераванд».

Аммо Самирҷон мегӯяд, ҳоло аз ҳеҷ қуҷое Умедаро пайдо накардаанд. Ин хонавода ба милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ низ ариза барои пайдо намудани Умеда навиштаанд.

Хотиррасон мекунем, ки Умеда Аҳадова, ҷавондухтари 18-сола, ки рӯзи 23 март бедарак гардида буд, ки баъдан аз шаҳри Норак пайдо гардид. 

Қаблан низ хоҳарбузурги Умеда гуфта буд, ки ба далели бемории руҳи доштани ҳоҳарашон ин бори аввал нест, ки ӯ бедарак мешавад. Ӯ гуфт, ки як маротибаи дигар низ ҳамроҳи бародарзодаи хурдсолаш гум шуда буд, ки баъдан милитсия онҳоро аз шаҳри Ваҳдат пайдо кард.

Наздиконаш аз ҳама касоне, ки маълумоте дар бораи Умеда доранд, хоҳиш мекунанд, ки бо ин рақам тамос бигиранд: (+992) 901720100

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.