Набояд бо ҳар баҳона озодии баёнро маҳдуд кард: изҳороти созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон

Бархе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз қазияҳои ахири ба сари рӯзноманигорон ва расонаҳо омада изҳорӣ нигаронӣ кардаанд ва хостори риояи қонунгузории Тоҷикистон бар бахши расонаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон шудаанд. Дар ин изҳорот аз монеъи фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон шудани мақомоти давлатӣ нигаронӣ шуда, аз ҷумла гуфта мешавад, ки созмонҳои рӯзноманигории […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Бархе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз қазияҳои ахири ба сари рӯзноманигорон ва расонаҳо омада изҳорӣ нигаронӣ кардаанд ва хостори риояи қонунгузории Тоҷикистон бар бахши расонаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон шудаанд.

Дар ин изҳорот аз монеъи фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон шудани мақомоти давлатӣ нигаронӣ шуда, аз ҷумла гуфта мешавад, ки созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон қазияҳои ахири ба сари рӯзноманигорон омада, аз ҷумла лату кӯби хабарнигори Радиои “Озодӣ” – Муллораҷаб Юсуфзода, монеъ шудани ба фаъолияти касбии хабарнигорони дигари ин расона – Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов, Насим Исамов (17 майи 2022) ва аз онҳо мусодира кардани телефону дастгоҳҳои наворбардорӣ, мусодираи телефону компутари хабарнигори “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова (19 майи 2022) ва лату кӯб, фишору зери таҳдид пок кардани чанд матлаби рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далери Имомалиро аз сӯйи мақомоти гуногуни давлатӣ (4-уми июни соли 2022), маҳкум карда, изҳори нагаронӣ мекунанд.

Зери ин изҳорот созмонҳое чун  Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии “Хома”, Медиа Алянси Тоҷикистон ва расонаҳое чун Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, рӯзномаи “Садои мардум”, ҳафтаномаҳои “СССР” ва  “Минбари халқ” имзо гузоштаанд.

Матни комили изҳорот:

Изҳороти муштаракаи созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар пайи қазияҳои ахири ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон
 шаҳри Душанбе, 6 июни 2022  
Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон қазияҳои ахири ба сари рӯзноманигорон омада, аз ҷумла лату кӯби хабарнигори Радиои “Озодӣ” – Муллораҷаб Юсуфзода, монеъ шудани ба фаъолияти касбии хабарнигорони дигари ин расона – Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов, Насим Исамов (17 майи 2022) ва аз онҳо мусодира кардани телефону дастгоҳҳои наворбардорӣ, мусодираи телефону компутари хабарнигори “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова (19 майи 2022) ва лату кӯб, фишору зери таҳдид пок кардани чанд матлаби рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далери Имомалиро аз сӯйи мақомоти гуногуни давлатӣ (4-уми июни соли 2022), маҳкум карда, изҳори нигаронӣ мекунанд.  

Тоҷикистон ҳамчун кишвари демкоратӣ ва ҳуқуқбунёд дар қонунгузории худ, аз ҷумла Конститутсия озодии баёнро замонат (кафолат) дода, сензура, аз ҷумлаи сензураи давлатиро манъ кардааст. Аз ин лиҳоз нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва блогнависон аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои дигар нораво мебошад. 

Ҳамчунин Тоҷикистон менеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигориро ҷиноят эътироф карда, барои содир шудани он ҷазо пешбинӣ кардааст -(Моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон. Дар ҳар шакле, ки набошад, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист).  

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ин гуна фишору таъқиб, лату кӯб ва монеъ шудан ба фаъолияти расонаҳо (қазияи ахири гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” – дар пайи фишорҳои мақомот ва хатари баста шудан аз бозтоби рӯйдодҳои вобаста ба ВМКБ канора рафтани он) ва рӯзноманигоронро хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дониста, мутмаинанд, ки ин кор аз сӯйи мақомоти давлатӣ боиси паст шудани обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон ва раҳбарии сиёсии он дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мешавад.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ қазияҳои вақтҳои ахирро фишор ба озодии баён ва расонаҳову рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ҳамчун меъёри конститутсионӣ дониста, идомаи ёфтани онро ба зарари ҷомеаи Тоҷикистон медонад. Хусусан дар шароити имрӯзи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумлаи вазъи сиёсӣ ва минтақаи геополитикии Тоҷикистон эҷоди беэътимодӣ дар миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ хилофи манфиатҳои Тоҷикистон аст. Талоши ҳамаи қишрҳо бояд барои иттиҳод ва ҳамбастагии ҳамаи ниҳоду бахшҳо, аз ҷумла расонаҳо ва рӯзноманигорон дар ҳифзи фазои иттилотӣ ба манфиати сулҳу субот ва рушди устувори кишварамон бошад. 

Созмонҳои рӯзноманигорӣ бар инанд, ки озодии баён арзиши беназир аст ва набояд таҳти ҳодисаҳо ва баҳонаҳои дигар ба фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигорон монеъгузорӣ шавад ва танзими ҳуқуқии он бояд танҳо дар доираи қонун ва бо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва назокатҳои ахлоқиву инсониву миллӣ сурат бигирад. 
Бо нашри ин изҳороти муштарак ва баёни нигаронӣ аз вазъи баамаломада, созмонҳои рӯзноманигорӣ зарур медонад, ки: 

1.  Фишору таҳдид ва таъқибу лату кӯби журналистон дар Тоҷикистон бас карда шавад; 

2.  Мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунгузории кишварро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя кунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд; 

3.  Омилони нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон, аз ҷумла Муллораҷаб Юсуфӣ ва Далери Имомалӣ пайдо ва мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;

 4.  Қазияҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон аз сӯйи мақомоти зидахл мӯшикофона таҳқиқ ва омилони ин аъмол мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.  Мақомоти давлатӣ бояд ба ин гуна қазияҳо ҷиддӣ бархӯрд кунанд ва омилони онро пайдо ва барои ҷомеаи муаррифӣ кунанд.

Ҳамзамон, мо ба ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва рӯзноманигорон тавсия медиҳем, ки бо дарки манфиатҳои миллии Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон, дар доираи қонунгузории кишвар ва меъёру стандартҳои касбиву ахлоқӣ кори худро роҳандозӣ кунанд ва ҳамчун қишри пешсафи фарҳангиву қонунписанди ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳомати ҳирфаӣ ба намоиш бигузоранд.  

1.  Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 
2.  Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон
 3.  Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон 
4.  Созмони ҷамъиятии “Хома”
 5.  Созмони ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”
 6.  Медиа Алянси Тоҷикистон 
7.  Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”
 8.  Рӯзномаи “Садои мардум”
 9.  Ҳафтаномаи “СССР”
 10.  Ҳафтаномаи “Минбари халқ”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.