Дар семоҳаи аввал қарзи хориҷии Тоҷикистон $2 млн зиёд шуд

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали семоҳаи дуюми соли ҷорӣ каме бешар аз 3,3 млрд долларро ташкил дод. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда 2 млн доллар ё худ 0,06% зиёдтар нисбат ба давраи аввали соли равон аст. Таносуби қарзи хориҷӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ ба мисли аввали […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали семоҳаи дуюми соли ҷорӣ каме бешар аз 3,3 млрд долларро ташкил дод. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда 2 млн доллар ё худ 0,06% зиёдтар нисбат ба давраи аввали соли равон аст.

Таносуби қарзи хориҷӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ ба мисли аввали соли ҷорӣ 37,7% боқӣ мемонад.

Таносуби ниҳоии иҷозашудаи қарзи хориҷӣ ба ММД барои кишварҳои камдаромад тибқи тавсияҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ 40% аст.

Пас аз зиёд шудани нишондиҳандаи мазкур мададрасонҳои молиявӣ метавонанд аз қарздиҳии минбаъда ба кишвар даст кашанд.

Кишвари асосии қарздиҳанда ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ аз он ҳудуди 1,1 млрд доллар қарздор аст.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ($357 млн), Бонки осиёии рушд ($291 млн), Хазинаи байнулмилалии асъор ($190 млн), Бонки исломии рушд ($184 млн), инчунин аз евробондҳо ($500 млн) қарзҳои нисбатан зиёд дорад.

Коршиносони ниҳодҳои байнулмилалӣ қаблан ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки аз гирифтани қарзҳои бидуни имтиёз худдорӣ кунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.