Дар Қазоқистон алайҳи раиси ҳизби сабтиномнашуда бо ду модда парванда боз карданд

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Жанболат Мамай, роҳбари ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон дар ду ҷиноят айбдор шуд. Дар ин бора ҳамсари вай Инга Имонбой хабар дод.

Ба ин тартиб, Мамай дар ташкили "бетартибиҳои оммавӣ" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ҳангоми ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон айбдор шудааст. Ӯро дар ташкили бетартибӣ дар рӯзи 4 январи соли 2022, ки дар майдони назди маҷмаи "Алмато арена" бо иштироки ҳазорон одам баргузор шуд, айбдор карданд.

"Гуиё ман онҷо ба ислоҳоти сиёсӣ ва ҳаракат ба сӯи майдони Ҷумҳурӣ даъват карда бошам. Нахуст, суханронии комили ман дар майдони назди "Алмато арена" маҳфуз аст, ки ман рафтан ба ҳеч куҷоеро даъват накардаам. Баръакс, ҳамаро даъват кардам, ки дар ҷойҳои худ истанд ва чизеро нашикананд ва бо пулис даргир нашаванд. Гузашта аз ин, чанд дақиқа баъд ҳамроҳи чанд нафари дигар аз сӯи пулис боздошт шудам. Ман наметавонистам, ки одамонро ба майдони дигар барам", – омадааст дар номаи Мамай, ки ҳамсараш онро нашр кард.

Айбномаи паҳнсозии иттилои бардурӯғ, ба гуфтаи тафтишот, аз он ҷо бармеояд, ки Мамай рӯзи 4 январ гуфтааст, "дар Жанаозен 10 ҳазор эътирозгар ҷамъ шудааст". Мамай мегӯяд, ин иттилоъро аз расонаҳо дастрас карда буд.

Роҳбари ҳизби сабтношуда бар ин бовар аст, ки айбномаҳои нав ангезаи сиёсӣ доранд.

Жанболат Мамайи 33-сола аз 25 феврал ба ин тараф дар ҳабс аст. Ибтидо ӯро бо айби вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо барои 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дертар, бидуни аз ҳабси маъмурӣ озод шудан, ба боздоштгоҳ интиқол доданд. Вай пештар дар "таҳқири намояндаи давлат" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" гумонбар мешуд.

Чанд созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қазоқистон озодии Мамайро талаб карданд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...