Дар Қазоқистон алайҳи раиси ҳизби сабтиномнашуда бо ду модда парванда боз карданд

Жанболат Мамай, роҳбари ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон дар ду ҷиноят айбдор шуд. Дар ин бора ҳамсари вай Инга Имонбой хабар дод. Ба ин тартиб, Мамай дар ташкили "бетартибиҳои оммавӣ" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ҳангоми ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон айбдор шудааст. Ӯро дар ташкили бетартибӣ дар рӯзи 4 январи соли 2022, ки дар майдони назди маҷмаи […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Жанболат Мамай, роҳбари ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон дар ду ҷиноят айбдор шуд. Дар ин бора ҳамсари вай Инга Имонбой хабар дод.

Ба ин тартиб, Мамай дар ташкили "бетартибиҳои оммавӣ" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ҳангоми ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон айбдор шудааст. Ӯро дар ташкили бетартибӣ дар рӯзи 4 январи соли 2022, ки дар майдони назди маҷмаи "Алмато арена" бо иштироки ҳазорон одам баргузор шуд, айбдор карданд.

"Гуиё ман онҷо ба ислоҳоти сиёсӣ ва ҳаракат ба сӯи майдони Ҷумҳурӣ даъват карда бошам. Нахуст, суханронии комили ман дар майдони назди "Алмато арена" маҳфуз аст, ки ман рафтан ба ҳеч куҷоеро даъват накардаам. Баръакс, ҳамаро даъват кардам, ки дар ҷойҳои худ истанд ва чизеро нашикананд ва бо пулис даргир нашаванд. Гузашта аз ин, чанд дақиқа баъд ҳамроҳи чанд нафари дигар аз сӯи пулис боздошт шудам. Ман наметавонистам, ки одамонро ба майдони дигар барам", – омадааст дар номаи Мамай, ки ҳамсараш онро нашр кард.

Айбномаи паҳнсозии иттилои бардурӯғ, ба гуфтаи тафтишот, аз он ҷо бармеояд, ки Мамай рӯзи 4 январ гуфтааст, "дар Жанаозен 10 ҳазор эътирозгар ҷамъ шудааст". Мамай мегӯяд, ин иттилоъро аз расонаҳо дастрас карда буд.

Роҳбари ҳизби сабтношуда бар ин бовар аст, ки айбномаҳои нав ангезаи сиёсӣ доранд.

Жанболат Мамайи 33-сола аз 25 феврал ба ин тараф дар ҳабс аст. Ибтидо ӯро бо айби вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо барои 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дертар, бидуни аз ҳабси маъмурӣ озод шудан, ба боздоштгоҳ интиқол доданд. Вай пештар дар "таҳқири намояндаи давлат" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" гумонбар мешуд.

Чанд созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қазоқистон озодии Мамайро талаб карданд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.