Дафтари гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар Душанбе расман боз шуд

Asia-Plus

Имрӯз гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс дафтарашро дар Душанбе расман боз кард. Дар маросими  боз шудани дафтари "Азия-Плюс" намояндаҳои мақомоти шаҳрдории Душанбе, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳо, доираҳои тиҷоративу корӣ, шарикон, расонаҳо, кормандони собиқ ва ҳамчунин хонандагону шунавандагон ва корбарони ҳамаи пойгоҳи «Азия-Плюс» ширкат карданд. 

Меҳмонон ба шароити кору эҷоде, ки барои кормандон фароҳам шудааст, ошно шуда навори видеои марбут ба таърихи таъсиси гурӯҳи расонаҳо  ва кори ҳамрӯзаи он аст, тамошо карданд.

Мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Азия Плюс" Умед Бобохонов дар маросим таъкид кард, ки ифтитоҳи дафтари нав барои тими кории мо руйдоди муҳимест.

"Аз ин ба баъд, ҳамаи бахшҳои гурҳи расонаҳои мо – нашрия, хабаргузорӣ, радио дар як ҷой ҳастанд. Чанде пештар мо 25-солагии таъсиси худро таҷлил кардем ва амн умедворам, ки дар рушди он марҳилаи тоза оғоз мешавад",-гуфт он.

Ба гуфтаи Умед Бобохонов хеле муҳим аст, ки на танҳо худи фаъолияти корӣ барои коргар фароғат биоварад, балки шароите, ки он вақти кории худро мегузаронад бояд роҳатбахш бошад.

«Кор дар шароити роҳат муассир аст ва натиҷаи мусбат дорад. Умедворам дар ин деворҳо идеяҳо ва тарҳҳои нави халлоқонае таваллуд ва татбиқ мешаванд. Мо дар дафтари худ барои ҷавонон фазои махсус эҷод кардем –  омӯзишгоҳи расонаӣ (MediaLab),  ки ин ҷо ҷавононе, ки мехоҳем ба ҳамкорӣ ҷалб кунем, омӯзиш мебинанду эҷод мекунанд. Бовар дорем, ки онҳо беҳтарин суннатҳои рӯзноманигории тоҷикро дар шароити нави марҳилаи диҷитол идома медиҳанд», – зикр кард Бобохонов.

Пас аз маросими расмӣ меҳмонон сари як пиёла чой (фуршет) бо ҳам дар мавриди роҳи тайкардаи "Азия-Плюс"  ва дигар мавзуъҳои барои якдигар ҷолиб суҳбат карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...