Дафтари гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар Душанбе расман боз шуд

Имрӯз гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс дафтарашро дар Душанбе расман боз кард. Дар маросими  боз шудани дафтари "Азия-Плюс" намояндаҳои мақомоти шаҳрдории Душанбе, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳо, доираҳои тиҷоративу корӣ, шарикон, расонаҳо, кормандони собиқ ва ҳамчунин хонандагону шунавандагон ва корбарони ҳамаи пойгоҳи «Азия-Плюс» ширкат карданд.  Меҳмонон ба шароити кору эҷоде, ки барои кормандон фароҳам шудааст, ошно шуда навори […]

Имрӯз гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс дафтарашро дар Душанбе расман боз кард. Дар маросими  боз шудани дафтари "Азия-Плюс" намояндаҳои мақомоти шаҳрдории Душанбе, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳо, доираҳои тиҷоративу корӣ, шарикон, расонаҳо, кормандони собиқ ва ҳамчунин хонандагону шунавандагон ва корбарони ҳамаи пойгоҳи «Азия-Плюс» ширкат карданд. 

Меҳмонон ба шароити кору эҷоде, ки барои кормандон фароҳам шудааст, ошно шуда навори видеои марбут ба таърихи таъсиси гурӯҳи расонаҳо  ва кори ҳамрӯзаи он аст, тамошо карданд.

Мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Азия Плюс" Умед Бобохонов дар маросим таъкид кард, ки ифтитоҳи дафтари нав барои тими кории мо руйдоди муҳимест.

"Аз ин ба баъд, ҳамаи бахшҳои гурҳи расонаҳои мо – нашрия, хабаргузорӣ, радио дар як ҷой ҳастанд. Чанде пештар мо 25-солагии таъсиси худро таҷлил кардем ва амн умедворам, ки дар рушди он марҳилаи тоза оғоз мешавад",-гуфт он.

Ба гуфтаи Умед Бобохонов хеле муҳим аст, ки на танҳо худи фаъолияти корӣ барои коргар фароғат биоварад, балки шароите, ки он вақти кории худро мегузаронад бояд роҳатбахш бошад.

«Кор дар шароити роҳат муассир аст ва натиҷаи мусбат дорад. Умедворам дар ин деворҳо идеяҳо ва тарҳҳои нави халлоқонае таваллуд ва татбиқ мешаванд. Мо дар дафтари худ барои ҷавонон фазои махсус эҷод кардем –  омӯзишгоҳи расонаӣ (MediaLab),  ки ин ҷо ҷавононе, ки мехоҳем ба ҳамкорӣ ҷалб кунем, омӯзиш мебинанду эҷод мекунанд. Бовар дорем, ки онҳо беҳтарин суннатҳои рӯзноманигории тоҷикро дар шароити нави марҳилаи диҷитол идома медиҳанд», – зикр кард Бобохонов.

Пас аз маросими расмӣ меҳмонон сари як пиёла чой (фуршет) бо ҳам дар мавриди роҳи тайкардаи "Азия-Плюс"  ва дигар мавзуъҳои барои якдигар ҷолиб суҳбат карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.