Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳҳои хориҷӣ тибқи стипендияи “Дурахшандагон” тамдид шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ дар асоси стипендияи «Дурахшандагон» то 20 июн тамдид карда шуд. (Пеш аз ин мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо мебоист моҳи май ба охир мерасид).

Тибқи иттилои вазорат, барои дарёфти маълумоти муфассал доир ба ихтисосҳои пешниҳодгардида хоҳишмандон метавонанд ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя) муроҷиат намоянд.

Инчунин гуфта мешавад, ки барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зарурии зерин пешниҳод карда шавад:

– Ариза (намуна дар марказ пешниҳод мешавад);

– Анкетаи шакли муқарраршуда (дар марказ пешниҳод мешавад);

– Нусхаи шиноснома;

– Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд;

– Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: аттестат ё маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11 будан. Нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи таҳсилоти бакалавр, мутахассис, магистр, аспирант ва доктор);

– Маълумотномаи тиббӣ 0,86 ё 0,38 ва ВИЧ/СПИД;

– Маълумотномаҳо аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ;

– Сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра (дар ҳолати мавҷуд будан);

– Дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3, сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан);

– Реферат аз рӯи мавзӯи интихобгардида (барои дарёфти зинаи аспирант ва доктор);

– Мактуби тавсиявӣ (рекомендательное письмо);

– Маълумотнома аз ҷои истиқомат;

– Нусхаи шиносномаи падару модар;

– Маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома);

– 4 дона расми ранга 3х4;

– Маълумотномаи дар бораи надоштани доғи судӣ.

Ёдовар мешавем, ки стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба афроди лаёқатманди кишвар барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таъин карда мешавад. Ин стипендия шахсӣ буда, ҳар сол аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр кардани кадрҳо дар хориҷа таъсис муқаррар карда мешавад.

Стипендияи «Дурахшандагон» бар асоси номгӯи ихтисосҳое, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба онҳо талабот дорад, дода мешавад. Стипендия аз ҳисоби Фонди махсуси раисҷумҳури Тоҷикистон барои омода кардани мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ пардохт мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...