Шаҳритӯс: Ду сӯхтор дар ду шабонарӯз

Шаби гузаштаи 14 ба 15 июни соли 2022 дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа ду мағоза сӯхтааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ноҳияи Шаҳритӯс хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, як шабонарӯз пештар дар маркази ин ноҳия дар яке аз ошхонаҳои машҳур бо номи “Шоми Шаҳритӯс” низ сӯхтор ба […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Шаби гузаштаи 14 ба 15 июни соли 2022 дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа ду мағоза сӯхтааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ноҳияи Шаҳритӯс хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, як шабонарӯз пештар дар маркази ин ноҳия дар яке аз ошхонаҳои машҳур бо номи “Шоми Шаҳритӯс” низ сӯхтор ба амал омада буд.

“Дар натиҷаи ин сӯхтор қисми зиёди ошхона сӯхтааст”, – иттилоъ дод манбаъ.

Дар қисми ҳарбии оташнишонии ноҳияи Шаҳритӯс сар задани сӯхторро дар яке аз мағозаҳои атрофи бозори марказии ноҳия тасдиқ карданд. Вале аз додани шарҳи бештаре худдорӣ карданд.

Ба гуфтаи як манбаи дигар, ки бо вазъ шинос аст, сабаби сӯхтор дар ҳар ду иншоот расиши кӯтоҳи барқ будааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.