Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо пирӯзӣ аз Бишкек бармегардад!

Asia-Plus

Бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё байни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми дирӯз дар Бишкек мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, ба ин тариқ мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «F» зинаи якумро ишғол намуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар бозии дигари ин гуруҳ Сингапур тими Мянмарро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард.

Дар ду бозии пешин мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Мянмар бо ҳисоби 4:0 ва Сингапур – 1:0 дастболо шуда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо касби 7-имтиёзӣ ба даври финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Аз ҳисоби таносуби хубтари тӯбҳо (5-0) мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳ ба зинаи якум соҳиб шуда, дар се бозӣ ба ворид шудани ягон гол ба дарвозааш роҳ надод.

Петр Сегрт: «Аз шогирдонам ифтихор мекунам!»

Сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пас аз вохӯрӣ ба ҷониби Қирғизистон барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронидани мусобиқа ва муносибати хуб бо футболбозони тоҷик изҳори миннатдорӣ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, мунтахаби Тоҷикистон имрӯз соати 14:00 бо хатсайри ҳавоӣ аз Алмато ба Душанбе бармегардад.

“Федератсия ҳамаи мухлисону дӯстдорони футбол, намояндагони ВАО ва хоҳишмандонро ба истиқболи шоистаи футболбозони тоҷик, ки бо ҳунарнамоии худ дар мусобиқаи Ҷоми Осиё ба сокинони кишвар лаҳзаҳои хотирмону гуворо ва фараҳбахш бахшиданд, даъват мекунад”, – дархост мекунанд дар Федератсия.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори нахуст дар таърихи худ ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё роҳхат гирифт.

Дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё ба ҷуз Тоҷикистон дастаҳои зерин иштирок мекунанд: Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Таиланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия.

Даври финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё аз 16 июн то 16 июли соли 2023 баргузор мешавад. Қарори дар куҷо доир гардидани Ҷоми футболи Осиё-2023 дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад. Қаблан баргузории ин мусобиқа дар Чин пешбинӣ гардида буд, лекин ин кишвар қабули мусобиқаро рад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...