Имзои қарордодҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон

Дар Теҳрон форуми муштараки сайёҳии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Он бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бо шарикии Вазорати мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандии Эрон созмон дода шуд. Дар кори форум роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҳар ду кишвар, намояндагони иттиҳодияҳо, намоишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд. Тавре ки хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадаф […]

Дар Теҳрон форуми муштараки сайёҳии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Он бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бо шарикии Вазорати мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандии Эрон созмон дода шуд.

Дар кори форум роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҳар ду кишвар, намояндагони иттиҳодияҳо, намоишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадаф аз баргузории форум муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, пеш аз оғози кори форум сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибат байни Тоҷикистону Эрон дар пасманзари сафари расмии чанде пеши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон (29-30 майи соли 2022) маълумот дод.

Зикр шуд, ки имзои санадҳои дуҷониба дар доираи сафар барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Барои возеҳу равшан нишон додани мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аксу наворҳо намоиш дода шуда, имкони сайёҳии кишварро дар ҷумҳурӣ роҳбарони ширкатҳои сайёҳии «Ориёнт Тур», «Расул Тур», «Рафтем» ва «Хидматрасонии сайёҳӣ» муаррифӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои кори форум байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон қарордодҳо дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.