ВКД Қирғизистон: “Корманди ВКД Тоҷикистон барои интиқоли маводи нашъаовар боздошт шуд”

ВКД Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни амалҳои фаврӣ корманди ВКД Тоҷикистон барои интиқоли маводи нашъаовар боздошт шудааст. Дар хабар зикр мегардад, ки боздоштшуда узви гуруҳи нашъаҷаллоб буда, ӯро кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт кардаанд. Хадамоти матбуоти ВКД Қирғизистон рӯзи 15 июн хабар дод, ки нашъаҷаллобон ба транзит ва фурӯши миқдори […]

ВКД Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни амалҳои фаврӣ корманди ВКД Тоҷикистон барои интиқоли маводи нашъаовар боздошт шудааст. Дар хабар зикр мегардад, ки боздоштшуда узви гуруҳи нашъаҷаллоб буда, ӯро кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт кардаанд.

Хадамоти матбуоти ВКД Қирғизистон рӯзи 15 июн хабар дод, ки нашъаҷаллобон ба транзит ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва сипас ба Қазоқистон машғул будаанд.

“Онҳо чораҳои махфиро риоя карда, аз таълими махсус гузаштаанд. Муяссар шуд, ки бахшҳои тоҷикиву қирғизӣ ва қазоқии ин гуруҳи ҷиноятпешаро пайгир шавем, инчунин роҳбари гуруҳи нашъаҷаллоб низ муайян карда шуд”, – зикр мегардад дар хабари ВКД Қирғизистон.

Бино ба маълумоти ин ниҳоди Қирғизистон, амалиёти мазкур муддати як сол давом кардааст.

“Тӯли ин муддат созмондиҳандаи гуруҳ шаҳрванди Тоҷикистон О.А., таваллудаш соли 1960 ва узви гуруҳ – сержанти калони милитсия И.М., таваллудаш соли 1982 боздошт шуда, дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-1 нигаҳдорӣ мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар гуфта намешавад, ки боздошт кай ва дар куҷо сурат гирифта, чаро боздоштшуда бо либоси корӣ (ӯ либоси корманди БДА-ро дар бар дорад – Эзоҳи идора) дар қаламрави Қирғизистон аст.

Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон 33 килову 241 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки 11 килову 299 грамми он афюн ва 21 килову 942 граммаш ҳашиш мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” маълумоти боздошти корманди худро рад карданд.

«Ин ягон асос надорад.  Агар ин ҳақиқат мебуд, мо худамон ин маълумотро дар сомонаи худ нашр мекардем», – гуфтанд дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки «онҳо маълумотро санҷида истодаанд».

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.