Ба яке аз ҳунарпешаҳои «Ғарибшо компания» хона тақдим шуд

Рамзия Мирзобекова, Asia-Plus

Ба ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, ки қаҳрамони гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо компания» аст, пас аз тамос бо сарпарастони кишвар дар Душанбе манзили истиқоматӣ тақдим шуд.

Ин хайрхоҳ як соҳибкори тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ аст.

Дар ин бора худи Бахтиёр Раҳимов дар як паёми видеоие, ки дар саҳифаи ровии радио Орзу Исоев нашр шуд, хабар дод.

Қаблан дар ҳамин саҳифа як паёми видеоии ҳунарпеша нашр шуда буд, ки дар он ӯ ба се нафар аз хайрхоҳони маъруфи тоҷик Исмоил Муҳаммадзоир, Раҳим Бобоҷонов (Раҳими Ғармӣ) ва Маҳмуд Муродов (Ҳоҷӣ Маҳмуд) муроҷиат карда буд.

Ҳунарпеша гуфт, ки 30 сол боз мушкили манзил ва саргардонӣ дар манзилҳои иҷораро аз сар мегузаронад.

"Солҳо тоқат кардам ва ба касе муроҷиат накардам, зеро фикр мекардам, ки афроде ҳастанд, ки ба пуштибонии бештар ниёз доранд, сабр пеша кардамм, аммо имрӯз бояд ба шумо муроҷиат кунам", – гуфт ӯ.

Як рӯз пас аз муроҷиаташ ҳунарпеша гуфт, ки ба таври мӯъҷизавӣ мушкили 30-солааш ба шарофати Раҳим Бобоҷонов ҳал шуд.

"Ман аз шумо хеле миннатдорам.  Ташаккур ба волидайни шумо"- иброз дошт ҳунарпеша ба соҳибкор дар як навор.

Ӯ ҳамчунин ба муҳоҷирони тоҷик ва дигар сокинони кишвар барои изҳори назар, ширкат ва хоҳиши кӯмакашон изҳори сипос кард.

"Ман ҳис кардам, ки танҳо нестам"- афзуд ӯ.

Ҳунарпеша инчунин гуфт, ки базудӣ маросими супурдани калиди манзил дар тарабхонаи «Бурак» дар фазои тантанавӣ сурат мегирад.

Ин шахсон кистанд?

Бахтиёр Раҳимов яке аз ҳунармандони гурӯҳи ҳаҷвии "Ғарибшо компания" аст, ки дар робита ба ин номи саҳнавии худро "Ғарибшо" гирифтааст.

Ӯ яке аз ҳунармандони дӯстдоштаи мардум аст, ки наворҳои ҳаҷвии ӯро  ҳамеша бесаброна интизоранд.

Раҳим Бобоҷонов дар навбати худ як тоҷири маъруф аст, ки муддати тӯлонӣ дар Русия ба тиҷорат машғул аст. Ӯ борҳо ба хамватанонаш ёрии моддӣ расондааст.

Раҳим дар давраи пандемия ба 600 муҳоҷири кории тоҷик, ки бекор буданд, ба маблағи 3 млн рубли русӣ кумаки моддӣ расонида буд.

Ҳамчунин, соли гузашта соҳибкор ба варзишгари тоҷик Нурулло Алиев пас аз ҳунарнамоии муваффақаш дар мусобиқаи Eagle FC мошини нав ҳадя кард.  Ин ғалабаи шашуми размикор буд.

Ба сурати умум, маълум аст, ки Раҳим Бобоҷонов дар чорабиниҳои гуногуни хайриявӣ фаъолона ширкат мекунад.

Падараш Муҳиб Бобоҷонов ҳам номдор аст.  Дар гузашта ба совхози «Сорбоғ»-и дараи Камароби ноҳияи Рашт роҳбарӣ мекард.

Сипас ширкати шахсии "Исфандиёр" ва дар ду гектар боғи дарахтони нок бунёд кард.

Хонаводаи Бобоҷоновҳо дар соли 2019 қисмате аз шоҳроҳи Навобод-Ғарм дар ноҳияи Раштро мумфарш карда, ҳамчунин асфалтпӯш кардани қисмати шоҳроҳи Душанбе-Лахш ва роҳеро дар ҳудуди ҷамоати Боқӣ Раҳимзода ба нақша гирифтаанд.

Соли 2019 Муҳиб Бобоҷонов бо ордени "Барои хизмати шоиста" мукофотонида шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...