Нисбати Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуданд

Нисбати рӯзноманигрон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо боздошт шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Далер. “Нисбати Далери Имомалӣ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ: аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 346, қисми 1, […]

Нисбати рӯзноманигрон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо боздошт шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Далер.

“Нисбати Далери Имомалӣ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ: аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст", – хабар дод адвокат.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Айни замон ҳар ду боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

“Далери Имомалӣ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба ҳайси наворбардор бо Д.Имомалӣ кор мекунад, иттиҳомро рад мекунад”, – илова намуд адвокат.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба адвокат чунин гуфтааст: “Ман ягон ният ё мақсади муноқиша бо кормандони милитсияро надоштам. Маро ҷавоб доданд ва ман хостам, ки аз бино берун шавам, лекин дар назди постгоҳ бо корманди милиса дучор шудам, ки ӯ пеши роҳамро гирифт. Баъдан маро дастгир карда, ба бино ворид карданд. Пас аз он эьлон карданд, ки гӯё ман корманди милитсияро зада бошам”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 июн Далери Имомалӣ хабар дода буд, ки аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд ва баъдан мавриди лату кӯб қарор гирифт.

Ӯ ҳангоми кӯшиши таҳияи гузориши видеоӣ дар браи қабули шаҳрвандон дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда буд.

Ба дастгирии блогер ва дигар журналистон, ки мавриди лату кӯб ва таҳқир қарор гирифтанд, ҷомеаи рӯзноманигорӣ садо баланд кард.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар навбати худ бо дархости санҷиши мӯшикофонаи ин ҳодиса ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуд.

Ин бори аввал нест, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ зимни иҷрои фаъолияти касбиаш ба мушкилот дучор мешавад. Рӯзи 29 майи соли 2020 дар ноҳияи Хуросон ӯ аз ҷониби шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт. Ин ҷо ӯ барои таҳияи гузориш дар бораи офати табиӣ омада буд.

Се нафар ҳамлагаронро баъдан пайдо карданд (рӯзноманигор рақами мошини онҳоро аксбардорӣ намуда, ба милитсия ариза пешниҳод кард). Барои авбошӣ ҳар кадоме аз онҳо 10 нишондиҳанда барои ҳисоб (580 сомонӣ) ҷарима шуд.

Ин ҳамлаи дуюм ба журналист буд. Шоми рӯзи 11 майи ҳамон сол шахсони номаълуми ниқобпӯш Абдуллоҳ Ғурбатиро дар назди хонааш лату кӯб карданд. Он замон гунаҳкорон пайдо нашуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.