Иттиҳоди Аврупо барои декарбонизатсияи Тоҷикистон чораҳо меандешад

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА) соҳиби мошини электрикӣ гардид. То соли 2030 партовҳои карбон дар ҷаҳон то 16 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Барои маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ то ҳадди қобили қабули 1,5 дараҷаи Селсий, партовҳои глобалии CO2 бояд ба таври назаррас коҳиш дода шаванд. Барои он ки оқибатхои зараровар руй надиханд, […]

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА) соҳиби мошини электрикӣ гардид.

То соли 2030 партовҳои карбон дар ҷаҳон то 16 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Барои маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ то ҳадди қобили қабули 1,5 дараҷаи Селсий, партовҳои глобалии CO2 бояд ба таври назаррас коҳиш дода шаванд.

Барои он ки оқибатхои зараровар руй надиханд, пешакӣ тағйироту чораҳои мухим андешида шаванд.

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER мутобиқи “Иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва “Аҳдномаи сабз”-и Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа мо қарорҳои муассирро барои ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани хадамот ва захираҳои экосистема таҳия мекунем.

Пешбурди мошинҳои электрикӣ яке аз роҳҳои муассир барои ду баробар коҳиш додани партовҳои CO2 ва дар натиҷа мубориза бо гармшавии глобалӣ мебошад.

Бо ин мақсад, Иттиҳоди Аврупо лоиҳаро барои хариди мошини электрикии JAC e-JS4 (E40X) бо иқтидори афзоишдодаи батарея, инчунин захираи беҳтари масофа ва мушаххасоти таъмини устуворӣ, дастгирӣ намуд.

Ин мошини электрикӣ партови сифрии газҳои ихроҷӣ дорад ва ҳангоми рондан CO2-и зараровар намебарад.

Тибқи таҳқиқот, танҳо як мошини барқӣ дар роҳ метавонад ба ҳисоби миёна 1,5 миллион грамм CO2-ро сарфа кунад. Ин як қадами хурд, вале хеле муассир дар самти бетарафии карбон тавассути коҳиш додани ифлосшавии ҳавои маҳаллӣ мебошад.

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER, ки муштаракан аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад, баҳри афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.