Марзбоне, ки ҳамхизматашро парронида буд, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  нисбат ба ду хизматчии ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ ба иттиҳоми куштор ва муносибати хунукназарона ҳукм содир намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 16 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии 0214 Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳодисаи нохуш рух дод.

“Сарбоз Муҳаммадҷон бо истифода аз силоҳи хизматиаш бе ягон сабаб қасдан ҳамхизматаш К.Қурбонзода-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад”, – иттилоъ дода мешавад дар хабар.  

Гуфта мешавад, Исоев дар содир намудани ҷиноят мутобиқ моддаи 104 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор дониста шуда, суд ӯро ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар хабар ҳамчунин зикр мешавад, ки масъули посбонии марз аз ҷониби ин даста он замон ба дӯши капитан Фарҳод Довутиев вогузор буд. Нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 392 (Муносибати хугукназрона ба хизмат) парванда боз шуда, суд ӯро ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии сукунат ҷазо таъин кард.

Ҳукм ҳанӯз 5 май содир шуда, Прокуратура дар ин бора 14 июн хабар додааст. Дар хабар ҳеҷ гуна ҷузъиёти дигари парванда зикр намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...