Марзбоне, ки ҳамхизматашро парронида буд, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  нисбат ба ду хизматчии ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ ба иттиҳоми куштор ва муносибати хунукназарона ҳукм содир намуд. Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 16 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии 0214 Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳодисаи нохуш рух дод. “Сарбоз Муҳаммадҷон бо истифода […]

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  нисбат ба ду хизматчии ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ ба иттиҳоми куштор ва муносибати хунукназарона ҳукм содир намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 16 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии 0214 Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳодисаи нохуш рух дод.

“Сарбоз Муҳаммадҷон бо истифода аз силоҳи хизматиаш бе ягон сабаб қасдан ҳамхизматаш К.Қурбонзода-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад”, – иттилоъ дода мешавад дар хабар.  

Гуфта мешавад, Исоев дар содир намудани ҷиноят мутобиқ моддаи 104 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор дониста шуда, суд ӯро ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар хабар ҳамчунин зикр мешавад, ки масъули посбонии марз аз ҷониби ин даста он замон ба дӯши капитан Фарҳод Довутиев вогузор буд. Нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 392 (Муносибати хугукназрона ба хизмат) парванда боз шуда, суд ӯро ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии сукунат ҷазо таъин кард.

Ҳукм ҳанӯз 5 май содир шуда, Прокуратура дар ин бора 14 июн хабар додааст. Дар хабар ҳеҷ гуна ҷузъиёти дигари парванда зикр намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...