Ба ИМА барои истеҳсоли силоҳу муҳимоти ҳарбӣ сурмаи Тоҷикистон лозим аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

ИМА дар ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернатвии сурма барои истеҳсоли силоҳу муҳимоти ҷангӣ аст, зеро захираҳои худӣ танҳо то соли 2025 кофӣ аст, менависад Defense News бо истинод ба гузориши Кумитаи Палатаи намояндагони ИМА оид ба умури қувваҳои мусаллаҳ.

Гуфта мешавад, ИМА сурмаро асосан аз Чин ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия гирифта, “Тоҷикистон мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ ба сифати кишвари сеюми таҳвилгари сурма мустаҳкам мекунад”.

"Кумита аз ҷараёни геополитикии ахир бо Русия ва Чин ва таъсири он ба халалдор шудани суръати занҷираи таъминот, бахусус дар мавриди сурма нигарон аст”, – таъкид мекунад нашрия.

Гуфта мешавад, масъулони Вазорати мудофиа бояд то моҳи октябри соли ҷорӣ барои панҷ соли оянда дар бораи осебпазирии занҷираи таъминот пешгӯиҳои худро пешниҳод намоянд.

Таъкид мешавад, ки сурма барои саноати мудофиавии ИМА аҳамияти ҳалкунанда дорад. Он дар меҳвари тиру силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ва ҳатто дар аслиҳаи ҳастаӣ, инчунин барои истеҳсоли дигар техникаи таъиноти ҳарбӣ, аз қабили дастгоҳҳои биниши шабона истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷопониҳо роҳи интиқоли сурмаро аз Чин ба ИМА баста, амрикоиҳо ба истихроҷи он дар кони Айдахо шурӯъ карданд, аммо захираи он то соли 1997 комилан ба охир расид. Захираҳои начандон зиёд дар дигар конҳо метавонанд то соли 2025 ба охир расанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, Тоҷикистон тӯли чандин сол аз лиҳози истеҳсоли сурма дар ҷаҳон зинаи сеюмро ишғол намуда, дар як сол ҳудуди 15 ҳазор тонна аз ин нимметалл истеҳсол мекунад. Русия зинаи дуюм (30 ҳазор тонна) ва Чин (100 ҳазор тонна) – зинаи аввалро ишғол мекунанд. Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли сурма дар Русия тайи солҳои ахир дар як сатҳ боқӣ монда, дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Тибқи маълумоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи сурма Тоҷикистон дар Осиё дар зинаи сеюм (пас аз Чин ва Таиланд) ва байни кишварҳои ИДМ дар зинаи аввал қарор дорад.

Захираҳои зиёдтарини ин маъдан дар конҳои маъдани Ҷиҷикрӯд ва Канчоч дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мавҷуд аст.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, айни замон корхонаи “Анзоб” ба истихроҷи сурма дар ноҳияи Айнӣ машғул аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...