“Амнияти Тоҷикистон амнияти Эрон аст”. Тафсилоти вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо генерали эронӣ

Дирӯз, 20-уми июн, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон вохӯрии судманд баргузор намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД. Ба иттилои манбаъ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва генерал-майор Сайид Маҷид Мираҳмадӣ дар ҳайати гуруҳҳои корӣ созишномаҳои қаблан миёни вазоратҳои ду кишвар баимзорасидаро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани […]

Дирӯз, 20-уми июн, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон вохӯрии судманд баргузор намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.

Ба иттилои манбаъ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва генерал-майор Сайид Маҷид Мираҳмадӣ дар ҳайати гуруҳҳои корӣ созишномаҳои қаблан миёни вазоратҳои ду кишвар баимзорасидаро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилот мавриди баррасӣ қарор додаанд. Таъкид шудааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.

Ба гузориши хабаргузории IRNA, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон барои ширкат дар нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории муштараки амниятии Эрон ва Тоҷикистон ба Душанбе омада буд.

“Саидмаҷиди Мираҳмадӣ амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон дониста, омодагии Эронро барои ҳар навъ кӯмаке дар ин замина баён ва изҳори умедворӣ кардааст”, – хабар медиҳад IRNA.

Гуфта мешавад, Мираҳмадӣ бо ишора ба муштаракоти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон таҳсили сафар ва тараддуди шаҳрвандони ду кишварро барои мубодилоти тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ омили муҳиме барои тавсеъаи ду кишвар дониста, хостори эҳтимоми ду тараф барои фароҳам кардани шароити лағви раводид байни ду кишвар шудааст.

Зикр мешавад, ки Рамазон Раҳимзода низ дар ин дидор ба талош барои иҷро шудани тавофуқҳои байни ду тараф таъкид кардааст.

Ӯ ташкили гуруҳи кории муштараки амниятиро мӯҷиби тақвият ва иҷро шудани тамоилоти мақомоти олии ду кишвар ва тавофуқҳои имзошудаи қаблӣ дониста, омодагии Тоҷикистон ва ВКД-ро барои тавсеъаи робитаҳо дар ҳама заминаҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи маводди мухаддир эълом кардааст.

Вазири ВКД Тоҷикистон бартараф шудани таҳдидҳои минтақаӣ ва терроризмро дар сояи ҳамкории наздиктари ду кишвар унвон карда хостори иҷро шудани тавофуқҳои сарони ду кишвар дар дидорҳои ахири онҳо шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.