Чӣ гуна муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ба ивази Русия дар дигар ҷой кор ёфтанд?

Asia-Plus

Дар ҳоле ки Русия мавқеъи худро ҳамчун ҷойи ҷолиби кор барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, ки ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2020 ҳудуди 8 млн нафар расида буд, аз даст медиҳад, онҳо ба як имкони алтернативии ғайричашмдошт ҷалб мешаванд, хабар медиҳад Eurasianet.

Баҳори имсол хоҷагиҳои Бритониё коргарони Осиёи Марказиро барои ҷамъоварии ҳосили худ даъват карданд, то эҳтиёҷи норасоии қувваи кориро, ки дар натиҷаи аз узвият дар Иттиҳоди Аврупо (ИА)  даст кашидани Британияи Кабир (Brexit) ба вуҷуд омад, бароварда созанд.

Яке аз хоҷагиҳо барои ҷамъоварии ҳосили меваҳо 45 коргари мавсимиро аз Тоҷикистон, инчунин коргаронро аз дигар кишварҳо ба мисли Непал ва Индонезия киро кард.

То хориҷшавии Бритониёи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо, ки ба бекор шудани автоматии ҳуқуқ ба кор дар Бритониё барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳод боис шуд, корҳои мавсимир коргарон аз ИА иҷро мекарданд.

Бисёре аз ҷойҳои кории холишударо украиниҳо ишғол намуданд, лекин сипас ҷанг ба ин кор дахолат кард.

Имконияти истифода аз фурсат дар кишварҳои минтақа, бахусус Қирғизистон низ бетаваҷҷуҳ намонд. Ҳукумати ин кишвар дар моҳи март созишномаеро дар бораи сафарбарии коргарон ба Бритониё тавассути ширкати машғул ба кирокунии байнулмилалӣ барои саноати кишоварзӣ имзо кард.

Шумораи одамоне, ки мехостанд аз ин пешниҳод истифода баранд, назар ба ҷойҳои холӣ хеле зиёд буданд: барои 1000 ҷойҳои холии мавҷуда 7000 дархост пешниҳод карда шуд.

Барномаи кирои коргарон ба Бритониё барои Ӯзбекистон, ки ҳукуматаш қаблан баҳри коҳиши вобастагии зиёд аз Русия, ба ҳархела (диверсификатсия) кардани самтҳои муҳоҷират вазифа гузошта буд, низ ҷолиб ба назар мерасад.

Вобастагии шадид аз интиқоли маблағҳо

Барои бисёре аз хонаводаҳо дар Осиёи Марказӣ таназзули иқтисоди Русия, ки бар асари таҳримҳо ба вуҷуд омадааст, метавонад ба як фалокати молиявӣ ва коҳиши шадиди интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба хонаҳо боис гардад. Маҳз ҳамин маблағҳо имкон медиҳанд, ки бисёре аз хонаводаҳо дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзгори худро таъмин кунанд.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, пули интиқолёфта ба Ӯзбекистон аз Русия дар соли гузашта 56% аз ҳаҷми умумии ҳамаи маблағи ирсолшударо ташкил медиҳад.

Дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ин нишондиҳанда хеле баландтар аст: мутаносибан 82 ва 76%. Нисбат ба Ӯзбекистон, ки иқтисоди бузургтар ва самтҳои гуногуни рушдёфта дорад, ин ду кишвар бамаротиб бештар ба интиқоли пул вобаста мебошанд.

Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад, ки соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағ ба аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Қирғизистону Тоҷикистон баробар буд. Дар Ӯзбекистон ин ҳисса 13%-ро ташкил дода буд.

Аввали ҳамин моҳ як гузоришгари СММ зимни боздид аз Қирғизистон аз ҳукумати кишвар даъват кард, ки ба вобастагии иқтисод аз муҳоҷирон ва интиқоли пулии онҳо хотима бахшад ва изҳор намуд, ки  чунин вобастагӣ "буҳрони хуруҷи сармояи инсониро ба вуҷуд меорад, ки дар ниҳоят метавонад ба дурнамои рушди кишвар осеб расонад".

Пешгӯии Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи коҳиши шадиди интиқоли пул ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари ҷанги Украина ва таъсири иқтисодии он ба Русия дар соли ҷорӣ, хавфҳои кишварҳоеро, ки ба пулҳои ирсолии муҳоҷирон аз хориҷа такя мекунанд, таъкид месозад.

Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон 21%, Тоҷикистон – 22% ва Қирғизистон – 32% коҳиш меёбад.

Ҳоло, ки мардуми Осиёи Марказӣ барои ҷамъоварии меваю сабзавот ба Бритониё сафар мекунанд, ин  шояд як қатрае дар баҳр бошад.

Аммо дар ҳоле ки муноқишаи Русия ва Украина идома дорад, дарёфти ҳама гуна кори ҷойгузин (алтернативӣ) ба ивази он муфид хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...