Аскар Акаев: “Агар роҳбарон ақибнишинӣ кунанд, мардум низ эътироз мекунанд”

Президенти пешини Қирғизистон Аскар Акаев дар шарҳи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон гуфт, эътирозҳо дар кишварҳо замоне сар мезананд, ки раҳбарон пешравӣ накунанд. Тавре ки Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, Акаев 19 июн барои ироаи маърӯза ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон рафта буд ва дар посух ба суоли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ин бора […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Президенти пешини Қирғизистон Аскар Акаев дар шарҳи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон гуфт, эътирозҳо дар кишварҳо замоне сар мезананд, ки раҳбарон пешравӣ накунанд.

Тавре ки Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, Акаев 19 июн барои ироаи маърӯза ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон рафта буд ва дар посух ба суоли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ин бора чунин изҳори назар кард:

"Ба назари ман, ҳар як халқ, ҳар як миллат мехоҳад, ҳар замон ба сатҳи нави рушду тараққӣ бирасад. Ин як раванди табиӣ аст. Метавон гуфт, ки ин рӯйдодҳо баъзан бе эътирози иҷтимоӣ мешаванд, агар роҳбарон тараққипарвар бошанд. Аммо агар роҳбарон ақибнишинӣ кунанд, мардум низ эътироз мекунанд. Тавре мебинед, ин ҳодисаҳо боиси воқеаи таърихӣ — раъйпурсӣ гардид, ки дар он мардуми Қазоқистон дар назди худ мақсади нав — барпо намудани ҷумҳурии нав, шукуфон, одилона ва нерӯманд гузоштанд". ​

Қобили зикр аст, ки дар пайи эътирозҳои мардумӣ дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 Аскар Акаев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Акаевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол ба ватан барнагаштаанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Баъди фирори Акаев зидди аъзои хонаводаи ӯ парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.