Дар Исфара 9 кӯчаро ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузоштанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузоштанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Шаҳира Юлдошева, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати Исфара хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, қарори номгузорӣ шудани объектҳои ҷуғрофӣ ва физикӣ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ ва собиқадорони меҳнат дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара рӯзи 13-уми июн қабул шудааст.

Дар қарор зикр шудааст, ки “онҳо манфиати  ҷамъияту ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, барои ҳифзи марзу буми кишвар, манзилу маҳал ва деҳаи худ ҷонашонро нисор кардаанд”.

Дар асоси ин қарор, яке аз кӯчаҳои маҳаллаи 13-уми шаҳри Исфара бо дархости сокинон ба номи Абдулатиф Шарипов, ронандаи “Ёрии таъҷилӣ”-и беморхонаи  марказии Исфара, ки дар муноқишаи марзӣ, ҳангоми адои вазифаи хизматӣ кушта шуд, гузошта шудааст.

Дар ҷамоати Чоркӯҳ низ ба хотири абадӣ гардонидани номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ номи як қатор кӯчаҳо иваз карда шудаанд.

“Аз ҷумла як қисми кӯчаи Навободи поён ба номи Ҳикматулло Махкамов, қисми дигари кӯчаи мазкур ба номи Иброҳим Ҳошимзода, кӯчаи Масҷиди миёна ба номи Ҳасанхон Шаропов,  кӯчаи Лангари Бӯстон ба номи Собир Ваҳҳобов, кӯчаи Лангари Хайробод ба номи Манучеҳр Қаландаров, як қисми кӯчаи ба номи Ибод Файзуллоев ба номи Ҳакимбой Ниёзов, кӯчаи Чакалак ба номи Далер Эшонов, кӯчаи Сомониён ба номи Нусратулло Набиев гузошта шуд”, – илова кард Юлдошева.

Аз ин шумора 8 нафарашон сокинони ҷамоати Чоркӯҳ мебошанд, ки  дар муноқишаи хунини охири моҳи апрели соли 2021 дар марзи миёни Исфара ва Қирғизистон кушта шудаанд.

Ҳамчунин бо назардошти хизматҳои бисёрсолаю бенуқсон, саҳми арзанда дар тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара, кӯчаи “Гулистон”-и ҷамоати деҳоти Ворух ба номи корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Абдусамад Шомирсаидов иваз карда шудааст. Номи собиқадори меҳнат, марҳум  Бобосӯфӣ Давлатов, ки дар обод намудани мавзеи Кехи ҷамоати Ворух, бунёди роҳу иншоотҳои маишӣ саҳми арзанда гузоштааст, ба яке аз кӯчаҳои маҳаллаи навбунёди мавзеи Кех гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол Абдумуталлиб Шарифов, рӯзноманигори маҳаллӣ ва раиси бахши Иттифоқи журналистони шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” гуфт, ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки яке аз кӯчаҳои ҷамоати Ворух ба номи рӯзноманигор ва сухангӯи раиси шаҳр – марҳум Иқбол Тешаев номгузорӣ шавад.

“Ба хотири гиромидошти хотираи рӯзноманигор ин пешниҳодро додем ва Комиссияи номгузорӣ дастгирӣ кард. Ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад ва шояд дар иҷлосияҳои минбаъда номгузори шудани кӯчае дар ҷамоати Ворух ба номи Иқбол Тешаев баррасӣ шавад”, – қайд кард Шарифов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...