Дар Бадахшони Афғонистон толибон ба сафҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайвастанд

Фармондеҳи воҳидҳои ҳаракати “Толибон” дар вилояти шимолии Бадахшони Афғонистон, фармондеҳи саҳроӣ Қорӣ Вақос ҳамроҳи ҷангиёни худ ба сафҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гузашт. Қорӣ Ваққос, фармондеҳи пешини воҳидҳои артиши Толибон барои Тагоб, ки чанде пеш ба далели ихтилоф бо Толибон аз онҳо ҷудо шуда буд, парчами Ҷабҳаи муқовимати миллиро барафрошта, бахшҳое аз вулусволии Тагоби ин вилоятро […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Фармондеҳи воҳидҳои ҳаракати “Толибон” дар вилояти шимолии Бадахшони Афғонистон, фармондеҳи саҳроӣ Қорӣ Вақос ҳамроҳи ҷангиёни худ ба сафҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гузашт.

Қорӣ Ваққос, фармондеҳи пешини воҳидҳои артиши Толибон барои Тагоб, ки чанде пеш ба далели ихтилоф бо Толибон аз онҳо ҷудо шуда буд, парчами Ҷабҳаи муқовимати миллиро барафрошта, бахшҳое аз вулусволии Тагоби ин вилоятро ба контроли худ дароварда аст. Дар ин бора аamajnews24.com бо такя ба манобеаш хабар медиҳад.

Гуфта мешавад нерӯҳои Қорӣ Ваққос тайи ду рӯзи гузашта тавонистанд, ки рустоҳои Хумбак, Курӣ ва Кату Болои Тагобро ишғол кунанд.

Дар тобеъияти Ваққос то 300 нерӯ қарор дорад. Зикр мешавад ҷангҷӯёни Толибон, ки барои шикаст додани гурӯҳҳои шӯришӣ ба Тагоб фиристода шуда буданд, маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд.

Ба иттилои манбаъ чанде пеш Мавлавӣ Имонуддин Мансур ба Иброр, мудири истихбороти Тагоб дастури саркӯби Қорӣ Ваққосро дода буд, аммо муваффақ нашуд ва як ҳафта пеш зердастони Қорӣ Ваққос, Иброр мудири истихборотро камин задаанд, ки айни ҳол захмӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи манобеъ норизоятии Толибони бадахшонии тоҷиктабор дар ҳоли густариш аст ва фаъолияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вулусволиҳои Кашм, Даройам, Ташкон ва кӯҳистони ин вилоят дар ҳоли густариш мебошад.

Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз сентябри соли гузашта ба муқобили Толибон муқовимати мусаллаҳона мебарад. Дар ибтидо ба он низомиёни  тоҷики вилояти Панҷшер ва низомиёни ҳукумати Афғонистон, ки аз сӯи Толибон сарнагун карда шудаанд, шомил буданд.

Ваққос аз аввалин фармондеҳи Толибон нест, ки ба ҳаракати радикалӣ мухолифат кард.

Дар ҳоли ҳозир воҳидҳои Толибон ноҳияи Балхоби вилояти Сари Пулро, ки фармондеҳи маҳаллии Толибон, Мулло Маҳдӣ Муҷоҳид алайҳи ҷунбиши тундрав шӯриш кардааст, муҳосира кардаанд.

Муҷоҳид ва ҷангиёнаш аз қавми ҳазора ҳастанд, аксари раҳбарон ва ҷангҷӯёни Толибон паштун ҳастанд.

Роҳбари Толибон ба ҷойи як ҳазора Муҷоҳиди паштунро таъин карданд, ки ин боиси шӯриш дар вулусволии Балҳоб гардид. Ҷунбиши радикалӣ кӯшиш кард, ки Толибони қавми ӯзбекро ба муқобили Муҷоҳид бифиристад, аммо онҳо рад карданд.

Теъдоди дастаҳои ҳазора то 500 нафаранд.  Шаҳристони Балҳоб аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст.  Толибон дар давраи ҳукумати аввали худ дар солҳои 1996-2001 натавонистанд ин минтақаро пурра тасарруф кунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.