Чор духтар. Дар вилояти Суғд чоргоникҳои навбатӣ ба дунё омаданд

Як зани 27-сола аз ҷамоати марзии Чоркӯҳи Исфара 10-уми июн чоргоник таваллуд кардааст. Навзодон ҳама духтарча буда, бо усули буриши қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаанд. Телевизиони маҳаллии СМ-1 дар як гузориши видеоӣ аз модари чоргоникҳо Мавзуна Сангинова ном бурдааст, ки аз ҳомиладории аввалин писарча ба дунё оварда буд. Ба чоргоникҳо Фотима, Зӯҳро, […]

Ҳалимҷон Ҷураев, Asia-Plus

Як зани 27-сола аз ҷамоати марзии Чоркӯҳи Исфара 10-уми июн чоргоник таваллуд кардааст. Навзодон ҳама духтарча буда, бо усули буриши қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаанд.

Телевизиони маҳаллии СМ-1 дар як гузориши видеоӣ аз модари чоргоникҳо Мавзуна Сангинова ном бурдааст, ки аз ҳомиладории аввалин писарча ба дунё оварда буд. Ба чоргоникҳо Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса ном гузоштаанд. Табибон мегӯянд онҳо бо вазни мутаносибан 1,6 кг, 1,8 кг, 1,38 кг ва 1,18 кг ба дунё омаданд.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии тифлон пас аз таваллуд вазнин буд ва чанд рӯз зери дастгоҳ қарор доштанд.

“Кӯдакон пеш аз мӯҳлат таваллуд шуданд ва ҳангоми таваллуд вазъи саломатияшон вазнин буд. Норасогии нафас мушоҳида мешуд, ба шӯъбаи интенсивӣ ҷойгир кардем ва ҳоло норасоии нафас бартараф шуда ба шӯъбаи кӯдакон интиқол ёфтанд”,- мегӯяд Зарина Қодирова, мудири шӯъбаи навзодони Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд.

 

Ин аввалин ҳолати таваллуди чоргоник дар вилояти Суғд нест. Соли 2018 Назокат Ҳодибоеваи 35-сола, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъаи Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чоргоник таваллуд карда буд – се писар ва як духтар. Соли 2020 як модари 30-сола аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон панҷгоник ба дунё оварда буд, ки бори аввал дар Тоҷикистон буд. Навзодон ду писару 3 духтарча буданд.

Дар зоишгоҳи шаҳри Хуҷанд давоми имсол 1833 тифл ба дунё омадааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 204 нафар зиёд аст. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.