Боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазон. Аз ҳамватанони худ пул тамаъ мекарданд

Дар шаҳри Қазони Русия 5 зодаи синнашон аз 28 то 56-солаи Тоҷикистон барои қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Русия дар Тотористон. Тавре ки нашрияи «БИЗНЕС Online» менависад, ин гуруҳи этникӣ муддати чандин сол аз ҳамватанони худ барои кор гӯиё дар “қаламрави онҳо” ва ҳимоят (крыша) пул талаб мекардаанд. Аз як […]

Дар шаҳри Қазони Русия 5 зодаи синнашон аз 28 то 56-солаи Тоҷикистон барои қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Русия дар Тотористон.

Тавре ки нашрияи «БИЗНЕС Online» менависад, ин гуруҳи этникӣ муддати чандин сол аз ҳамватанони худ барои кор гӯиё дар “қаламрави онҳо” ва ҳимоят (крыша) пул талаб мекардаанд.

Аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки хушкмева мефурӯхт, онҳо дар муддати 5 сол қариб 11 млн рубл пул гирифтаанд. Ин шаҳрванд дигар сабру тоқатро аз даст дода, ба мақомот муроҷаит кардааст.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон – падару писар Холмурод ва Луқмонҷон Мирзоевҳо (охирӣ шаҳрвандии Русия надорад) ва боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Фаррухҷон Султонов ва Султонҷон Султонов мебошанд. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ба ин гуруҳ Алишер Мавлонов, муассиси ҶДММ “Сатурн-Сервис”  роҳбарӣ мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, 5 нафар боздоштшудагонро рӯзи 10 июн дар суди ноҳияи Вахитов ба ҳабс гирифтаанд.

Ҳамчунин ин гуруҳ ба чандин ҳолатҳои дигари тамаъкунии пул аз ҳамватанон, аз ҷумла 600 ҳазор рубл барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва қарз, боз 130 ҳазор рубл барои қарз, 400 ҳазор рубл барои ҳалли мушкили фурӯшандаи хушкмева ва мавридҳои дигари қаллобиву тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ки аз маълумоти парванда бармеояд, онҳо барои тарсонидани ҷабрдидагони онҳоро ба ҷангал бурда лату кӯб мекардаанд, то ки нишон диҳанд, ки ҳамаи ин кор ҷиддӣ аст.

Айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаҷониба фаъолияти гуруҳро санҷида истодаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки боз ҳолатҳои дигаи қонуншикианӣ низ ошкор шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.