Савдои Тоҷикистон бо толибони Афғонистон бештар ривоҷ ёфт

Савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Афғонистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳудуди 36,3 млн долларро ташкил дод, ки қариб 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст. Тавре ки Агении омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳудуди 97% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷонибаи кишварҳоро дар зарфи 5 моҳи соли равон содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон […]

Савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Афғонистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳудуди 36,3 млн долларро ташкил дод, ки қариб 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Тавре ки Агении омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳудуди 97% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷонибаи кишварҳоро дар зарфи 5 моҳи соли равон содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ташкил додааст.

Маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон неруи барқ боқӣ мемонад, ки қариб ба нисфи гардиши моли байни кишварҳо баробар аст. Ҳамчунин аз Тоҷикистон ба ҳамсоякишвар семент ва баъзе навъҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ интиқол дода мешаванд.

Байни кишварҳое, ки Тоҷикистон ба онҳо молу маҳсулот содир мекунад, Афғонистон дар зинаи ҳаштум қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки толибон моҳи августи соли 2021 Кобулро тасарруф намуда, дар фурсати кӯтоҳ қариб ҳамаи вилоятҳоро ба худ тобеъ карданд. Айни замон ҳукумати Толибон аз ҷониби ҳеҷ кадоме аз кишварҳои узви СММ эътироф нашудааст.

Давоми моҳҳои январ-майи соли равон муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки 4,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Тавозуни савдо манфӣ мебошад: содирот нисбат ба воридот зиёда аз 1 млрд доллар камтар аст.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 99 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, савдои дуҷониба байни кишварҳо зиёда аз 610 млн долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ҳаҷми савдои дуҷонибаи нисбатан зиёдтар бо Қазоқистон ($545 млн), Чин ($550 млн), Ӯзбекистон ($212 млн) ва Туркия ($150 млн) ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.