Дар сохтмонҳои Русия нисбат ба соли 2020 муҳоҷирон 4 баробар камтаранд

Asia-Plus

Шумори муҳоҷирони бинокор дар Русия то 500 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст, ки аз чор як ҳиссаи нишондиҳандаи охири соли 2020-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба РИА Недвижимость президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) Антон Глушков хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, бино ба омори расмӣ, то охири соли 2020 дар сохтмонҳо 800 ҳазор нафар ва тибқи арзёбии коршиносон – ҳудуди 2 млн нафар кор мекарданд.

“Имрӯз амалан омори расмӣ вуҷуд надорад, зеро ҳамаи онҳо ҳамчун сайёҳ назди мо меоянд. Дар сохтмонҳо имрӯз тақрибан ҳудуди 500 ҳазор муҳоҷир машғули коранд, ки аз чор як ҳиссаи шумори пештараро ташкил медиҳад”, – иброз доштааст Глушко.

Ӯ зикр кардааст, ки айни замон норасоии бештари муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳои Русия эҳсос мешавад, зеро Маскав, Санкт-Петербург ва якчанд шаҳри бузурги дигар ба далели баландтар будани маош муҳоҷиронро зиёдтар ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи Глушков, муҳоҷирон аз рӯи анъана ба корҳои тайёр кардани дохили бино машғул буданд ва имрӯз онҳо аз ҷониби мутахассисони рус қариб иваз нашудаанд, ки дар натиҷа пешниҳоди манзили дохилаш барои иқомат тайёр кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ирек Файзуллин, вазири сохтмони Русия ба хабаргузории РИА Недвижимость гуфтааст, ки ҳоло ширкатҳои сохтмонӣ дар робита ба мушкили камбуди муҳоҷирон муроҷиат намекунанд.

Ба гуфтаи Файзуллин, гурӯҳи кории байниидоравии ҳукумат "нисбати коргарон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хеле дақиқ кор мекунад".

Вазир афзудааст, ки илова бар ин, дар чаҳорчӯби мубориза бо таҳримҳои кишварҳои Ғарб, Вазорати сохтмон самтҳои нави пайдоиши меҳнатро таҳия хоҳад кард.

“Шояд бинокорон аз Ҳиндустон ҳам оянд”, – хабар додааст ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...