Омодагии Эрону Русия ва Покистону Чин ҷиҳати кумак ба осебдидгон аз заминларза дар Афғонистон

Русия, Эрон, Чин ва Покистон барои кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Афғонистон изҳори омодагӣ карданд. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, артиши Покистон, Вазорати хориҷаи Эрон ва Вазорати хориҷаи Чин дар паёмҳои ҷудогона эълом кардаанд, ки кишварҳояшон омодаанд ба осебдидагони заминларзаи Афғонистон кумак кунанд. Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар пайи вуқӯъи заминларза дар Афғонистон […]

Русия, Эрон, Чин ва Покистон барои кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Афғонистон изҳори омодагӣ карданд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, артиши Покистон, Вазорати хориҷаи Эрон ва Вазорати хориҷаи Чин дар паёмҳои ҷудогона эълом кардаанд, ки кишварҳояшон омодаанд ба осебдидагони заминларзаи Афғонистон кумак кунанд.

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар пайи вуқӯъи заминларза дар Афғонистон эълом кард, ки Маскав омода аст дар сурати дархости Кобул, кӯмакҳои лозимро ба ин кишвар ироа кунад.

Захарова гуфт: "Дар сурати дархости Кобул, Маскав омодааст то кӯмакҳои лозимро ба мардуми дӯсти Афғонистон ироа кунад."

Вонг Ванбин, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳам имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфтааст: "Афғонистон як кишвари ҳамсоя ва дӯст аст. Мо омодаи кӯмакҳои башардӯстонаи изтирории мутобиқ ба ниёзҳои Афғонистон ҳастем."

Дар ҳамин ҳол артиши Покистон дар баёнияе бо ибрози ҳамдардӣ ба фавтидагони ин ҳодиса гуфтааст, ки артиши Покистон омодаи ироаи тамоми кӯмакҳои башардӯстонаи лозим ба мардуми ин кишвар аст.

Аз сӯйе ҳам Вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ин кишвар дар пайи ҳодисаи талх ва андуҳбори заминларза дар ҷанубу шарқи Афғонистон, ки боиси марг ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёде аз мардуми Афғонистон ва ҳамчунин хисороти моддӣ шудаанд, мутаассир аст.

Сайид Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзудааст, ки Эрон барои ҳар гуна кумак ба осебдидагони заминларза омодаи кумак ба Афғонистон аст.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид,  сухангӯи Толибон дар Твиттери худ навиштааст, ки "ба давоми кумакҳо ба осебдидагони заминларза ду ҳавопаймо кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон ба кишвар расид”.

Ӯ дар идома аз кумакҳои башардӯстонаи Қатар низ ёдовар шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.