Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе аз 1 то 7 июл Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ (IT) – ISI Junior-2022 баргузор мешавад. Барои иштирок дар он намояндагони 13 кишвар даъват шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва маълумоти умумии миёнаи Сарраёсати маорифи пойтахт Асомиддин Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, олимпиада бахшида ба 20-солагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуда, ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон бо тафаккури техникӣ, ҷалби мактабхонҳо ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ равона шудааст.

“Дар Олимпиада 27 дастаи иборат аз 158 хонанда ва 28 мураббӣ иштирок мекунанд. Ба ҷуз мактабхонҳои Тоҷикистон, толибилмон аз Русия, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон ба Душанбе меоянд”, – изҳор карда номбурда.

Донишҷӯён аз Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Сурия, Шри-Ланка ва Куба тариқи онлайн (маҷозӣ) дар ин чорабинӣ иштирок хоҳанд кард.

Соли гузашта чунин олимпиада аз 1 то 10 июл дар Русия доир гардида, намояндагони Тоҷикистон дар шакли фосилавӣ ҷойҳои 2 ва 3-юмро ишғол намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...