Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд

Дар Душанбе аз 1 то 7 июл Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ (IT) – ISI Junior-2022 баргузор мешавад. Барои иштирок дар он намояндагони 13 кишвар даъват шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва маълумоти умумии миёнаи Сарраёсати маорифи пойтахт Асомиддин Бобозода. Ба гуфтаи ӯ, олимпиада бахшида ба 20-солагии омӯзиш ва рушди […]

Дар Душанбе аз 1 то 7 июл Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ (IT) – ISI Junior-2022 баргузор мешавад. Барои иштирок дар он намояндагони 13 кишвар даъват шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва маълумоти умумии миёнаи Сарраёсати маорифи пойтахт Асомиддин Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, олимпиада бахшида ба 20-солагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуда, ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон бо тафаккури техникӣ, ҷалби мактабхонҳо ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ равона шудааст.

“Дар Олимпиада 27 дастаи иборат аз 158 хонанда ва 28 мураббӣ иштирок мекунанд. Ба ҷуз мактабхонҳои Тоҷикистон, толибилмон аз Русия, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон ба Душанбе меоянд”, – изҳор карда номбурда.

Донишҷӯён аз Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Сурия, Шри-Ланка ва Куба тариқи онлайн (маҷозӣ) дар ин чорабинӣ иштирок хоҳанд кард.

Соли гузашта чунин олимпиада аз 1 то 10 июл дар Русия доир гардида, намояндагони Тоҷикистон дар шакли фосилавӣ ҷойҳои 2 ва 3-юмро ишғол намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.