Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид шуд. Муҳимтаринаш – акнун таъини шахсоне, ки ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд, ба мансаби имомхатиб манъ аст.

Ба гуфтаи Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили палатаи поёнии парлумон, тағйирот бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, ҳамчунин пешгирии экстремизм ва ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тавре ки нашрияи парлумонии “Садои мардум” иттилоъ медиҳад, Муҷибахон Ҷавҳарӣ чунин гуфт:

«Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд».

Ба гуфтаи ӯ, ин меъёр пештар низ дар як қатор қонунҳо мавҷуд буд, аз ҷумла дар қонун дар бораи маориф.

Мувофиқи қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», имомхатиб  тибқи Муқаррароти масҷид аз ҷониби муассисони он интихоб ва аз кор озод мешавад.

Пас аз интихоб ҳуҷҷатҳо барои мувофиқа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба умури дин фиристода мешаванд, ки ин мувофиқасозӣ дар қисми 6 моддаи 11-и  қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» зикр шудааст.

Тибқи тағйирот, акнун агар шахс ба даст доштан дар ҷиноятҳо зидди дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин гунаҳкор эътироф шуда бошад, мақомоти давлатӣ ба таъиноти ӯ ба вазифаи имомхатиб розигӣ намедиҳанд.

Музди меҳнати имомхатибони масҷидҳо мувофиқи шартнома муқаррар карда мешавад. Дар доштани сарчашмаи даромади иловагӣ барои онҳо ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи талаботи қисми 2, моддаи 30 қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», назорати бевоситаи риояи қонунгузорӣ ва муқаррароти оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои диниро дар мавриди ҳадафҳо ва тартиби фаъолияти онҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин анҷом медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, то аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 3950 масҷид амал мекарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...