Шералӣ Кабир ва Алишер Мирзонабот бо фаъолияти иншооти саноатӣ дар ВМКБ шинос шуданд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ВМКБ шинос шуд. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ Шералӣ Кабир ҳамроҳи раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо фаъолияти коргоҳи коркарди тути «Тути Помир» дар ҷамоати деҳоти Сучон аз наздик ошно гардид. Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии коргоҳи саноатии хурд вазир […]

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ВМКБ шинос шуд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ Шералӣ Кабир ҳамроҳи раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо фаъолияти коргоҳи коркарди тути «Тути Помир» дар ҷамоати деҳоти Сучон аз наздик ошно гардид.

Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии коргоҳи саноатии хурд вазир ба шахсони масъул дар мавриди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ва содироти маҳсулоти коргоҳ ба хориҷи кишвар тавсияҳои муфид дод.

Шералӣ Кабир ҳамчунин аз Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон боздид намуда, аз масъулини муассиса даъват намуд, ки барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори муосири корӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ба коргоҳи дӯзандагии таъсисёфта дар заминаи литсей Шералӣ Кабир ва Алишер Мирзонабот доир ба роҳандозии дӯхти сарулибоси мактабӣ барои муассисаҳои таълимии вилоят дастурҳои мушаххас доданд.

Ғайр аз ин, вазири саноат ва раиси ВМКБ бо фаъолият корхонаи коркарди пашм дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.

Мувофиқи барномаи саноатикунонӣ, дар вилоят сохтмони якчанд корхонаи хурд, ки ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ асос ёфтааст, ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш ҶДММ “Тути Помир” маҳсулоти худро дар намоишгоҳи байнулмилалии “Тоҷикистон-2022” муаррифӣ кард.

Раиси ширкат Тоҷиддин Саидюнов зикр кард, ки корхонаи онҳо маҳсулоти хешро айни ҳол ба Русия ва бархе  аз кишварҳори хориҷӣ содирот менамояд.

“Маҳсулоти мо, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат мебошад. Дар намоишгоҳ мо имрӯз 10 намуди маҳсулоти худро пешкаши иштирокчиён намудем, ки ҳамаи он бо технологияи муосиру ҳозиразамон омода карда мешаванд. Маҳсулоти мо аз меваи тут, зардолу, анҷир, имбир, кунҷит ва дигар намуди мевагиҳо омода  мегарданд. Дар хориҷа ба маҳсулоти мо таваҷҷуҳи хеле зиёд доранд, ки аллакай пешниҳодҳои содиротӣ ба ҷониби мо шуда истодаанд. Мо дар оянда кӯшиш дорем, то иқтидори истеҳсолии корхонаи худро боз ҳам калонтар намуда, шумораи бештари кормандонро бо ҷойи кору маоши хуб тамин созем”, – гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ “Ховар”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.