Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо дучарха барои адои маросими ҳаҷ раҳсипор гардида буданд, иҷозаи идомаи сафар гирифта, ба зиёрати макони муқаддаси ислом шарафёб гардиданд.

Онҳо зиёда аз ду ҳафта дар Дубай қарор дошта, аз ноумедӣ барои баргаштан ба хона билетҳои ҳавопаймо ҳам харида буданд.

“Ба хатсайри ҳавоии Дубай-Тошканд билет гирифта, барои ба хона рафтан омодагӣ мегирифтем. Лекин дӯсти маҳаллии мо бо номи Халифа Алӣ, ки дар хонааш иқомат доштем, хоҳиш намуд, ки билетҳоямонро супорида, боз каме дар ҳамин ҷо монем. Розӣ шудем, ҳарчанд барои барградонидани билетҳо 70 доллар ҷарима пардохт кардан лозим омад. Рӯзи дигар аз Арабистони Саудӣ ба мо занг зада, дархост намуданд, ки барои анҷоми расмиёти тайёр кардани раводид (виза) маълумотамонро пешниҳод намоем.Мо бовар надоштем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз зойирин Диловар Ғафуров.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, онҳоро огоҳ кардаанд, ки давоми роҳро бо мошин тай кардан лозим меояд, то ки аз оғози адои маросими ҳаҷ дер намонанд.

Диловар мегӯяд, дучархаҳоро ба мошин бор карда аз Абу-Даби ба роҳ мебароянд ва бо тай кардани 500 км ба сарҳади Арабистони Саудӣ мерасанд. Дар он ҷо ба мошини дигар нишаста, то Эр-Риёз ва сипас то шаҳри Эт-Таиф мерасанд. 100 км роҳи боқимондаро зойирин бо дучарха тай мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки се нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Диловар Ғафурови 37-сола, Саидалӣ Назарови 31-сола ва Абдушокир Талабови 34-сола барои адои маросими ҳаҷ бо дучарха ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд. Онҳо ба ин сафар аз аввали сол омодагӣ гирифта, аввали моҳи май пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ба роҳ баромаданд.

Ба тоҷикистониёне, ки то Дубай расида, дар роҳ ба сӯи макони муқаддаси ислом дар муддати 33 рӯз беш аз 3 ҳазор километрро тай карданд, додани раводид (виза) ба Арабистони Саудиро рад карданд. Ба онҳо тавсия доданд, ки ҷиҳати дастрас кардани раводид ба мақомоти марбутаи кишварашон (Тоҷикистон) муроҷиат намоянд.

“Албатта, мо ба муъҷиза умедвор будем, лекин то охир бовар надоштем, ки орзуямон ҷомаи амал мепӯшад”, – иброз дошт Диловар.

Дар ин маводи мо доир ба омодагӣ ва ҷараёни сафари ин се нафар тоҷикистониён маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...