Дар кадом минтақаи Тоҷикистон маош аз ҳама зиёдтар аст?

Музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар пойтахти Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли 2022 ҳудуди 2397 сомонӣ (225 доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Лекин сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин давра нисбат ба аҳолии пойтахт хеле камтар пул кор кардаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ин давра маоши миёна дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 1224 сомонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар пойтахти Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли 2022 ҳудуди 2397 сомонӣ (225 доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Лекин сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин давра нисбат ба аҳолии пойтахт хеле камтар пул кор кардаанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ин давра маоши миёна дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 1224 сомонӣ (115 доллар)-ро ташкил додааст, ки қариб ду баробар камтар дар муқоиса бо пойтахт аст.

Музди меҳнати миёна дар вилояти Суғд 1574 сомонӣ (150 доллар), ВМКБ – 1436 сомонӣ (135 доллар) ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 1333 сомонӣ (125 доллар)-ро ташкил додааст.

Музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар кишвар ба сурати умум дар ин давра ба 1652 сомонӣ (155 доллар) баробар шудааст.

Ҳарчанд музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 қариб ба андозаи 10,8% афзуда бошад ҳам, лекин он то ҳол пасттарин дар паҳнои пасошӯравӣ боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти Комсиияи иқтисодии авруосиёӣ, маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Русия 709 доллар, Қазоқистон – 627 доллар, Беларус -551 доллар, Арманистон – 437 доллар ва Қирғизистон – 234 долларро ташкил додааст.

Тоҷикистон ягона кишвар дар паҳнои пасошӯравӣ боқӣ мемонад, ки то ҳол байни кишварҳои камбизоаттарини ҷаҳон қарор дорад.

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст (low income economies) ҷойгир аст.

Дар ин кишварҳо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ – камтар аз 1026 доллар аст.

Ба ин гуруҳ 31 кишвари ҷаҳон шомиланд, ки аксарияташон кишварҳои Африқо мебошанд.

Соли 2021 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 885 долларро ташкил дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.