Се пойтахти кишварҳои Осиё Марказӣ дар сафи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои хориҷиён

Тошканд, Душанбе ва Бишкек ба рӯйхати арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои иқомати мутахассисони хориҷӣ шомил шуданд. Ин маълумот дар радабандии Cost of Living City Ranking оварда шудааст, хабар медиҳад centralasia.media. Дар феҳрист ҳамагӣ 227 шаҳр зикр шуда, радабандӣ аз гаронтарин то арзонтарин сурат гирифтааст. Дар ин радабандӣ Тошканд зинаи 221-ум, Душанбе – зинаи 225-ум ва Бишкек […]

Тошканд, Душанбе ва Бишкек ба рӯйхати арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои иқомати мутахассисони хориҷӣ шомил шуданд. Ин маълумот дар радабандии Cost of Living City Ranking оварда шудааст, хабар медиҳад centralasia.media.

Дар феҳрист ҳамагӣ 227 шаҳр зикр шуда, радабандӣ аз гаронтарин то арзонтарин сурат гирифтааст.

Дар ин радабандӣ Тошканд зинаи 221-ум, Душанбе – зинаи 225-ум ва Бишкек – зонаи 226-умро ишғол кардаанд.

Гаронтарин шаҳр барои иқомати хориҷиён Ҳонконг ва арзонтарин – Анқара эътироф шудааст.

Ба даҳгонаи гаронтарин шаҳрҳо якбора чор шаҳри Швейтсария: Сюрих, Женева, Базел ва Берн, инчунин Тел-Авив, Ню-Йорк, Сингапур, Токио ва Пекин шомил гардидаанд.

Дар даҳгонаи арзонтарин шаҳрҳо инчунин Истанбул, Қарочӣ, Исломобод, Алмато (зинаи 219-ум) зикр шудаанд.

Чунин радабандии гаронтарин ва арзонтарин шаҳрҳо барои сафар ё кӯчбандӣ ҳамасола таҳия мешавад.

Танҳо дар соли 2021 бар асари пандемияи COVID-19 тасмим гирифта шуд, ки таҳқиқот гузаронида намешавад.

Қобили зикр аст, ки шаҳрҳо аз рӯи нархи зиёда аз 200 маҳсулот ва хидматрасонӣ, аз ҷумла қимати иҷораи манзил, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ, арзиши ғизо, сарулибос ва шароити истироҳату фароғат баҳогузорӣ мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.