Драма дар бораи муҳоҷирони ғулом – «Продукты 24»-ро дар кинотеатрҳои Русия намоиш медиҳанд

Asia-Plus

Дар шаш шаҳри Русия рӯзҳои 4-11 июл намоишҳои махсуси драмаи Михаил Бородин «Продукты 24» баргузор мешавад. Сюжети филм ба қазияи пурсарусадои “ғуломони голяновӣ” дар соли 2012 асос ёфтааст, ки дар он муҳоҷирон дар ноҳияи Голяновои Маскав дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ шуда, моликони мағозаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ онҳоро маҷбуран кор мефармуданд.

Филм дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Самара ва Хабаровск намоиш дода мешавад, менависад хабаргузории Фергана.

Нахустнамоиши драмаи «Продукты 24» соли 2022 дар Ҷашнвораи кинои Берлин дар барномаи Panorama доир гардид. Филм ба ҷоизаи Конфедератсияи кинои ҳунарии Аврупо сазовор дониста шуд.

Қазияи “Голяново” баъди аз ҷониби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ озод кардани 12 нафар, аз ҷумла 9 нафар занон 30 октябри соли 2012 маъруфият пайдо кард. Ба гуфтаи озодшудагон, моликони мағоза – шаҳрвандони Қазоқистон онҳоро маҷбур мекарданд, ки бепул кор кунанд, дар шароити бад нигоҳ дошта, лату кӯб ва ба номуси занон дастдарозӣ мекарданд.

Чанде аз занон дар ин давра фарзанд таваллуд карда, зани соҳиби мағоза онҳоро мегирад ва мегӯяд, ки ба хешовандонаш дар Қазоқистон медиҳад ва сипас хабар медиҳад, ки кӯдакон фавтидаанд.

Ба гуфтаи занон, чанде аз онҳо беш аз 10 сол дар ин мағоза қарор дошта, дар ин давра боре ҳам ба кӯча набаромадаанд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин қазия баъди муроҷиати ду зани зодаи Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки чандин сол аз духтарони ба муҳоҷират рафтаи худ, хабаре намегирифтанд, огаҳӣ пайдо карданд. Онҳо исрор меварзиданд, ки духтаронашон дар ғуломӣ қарор доранд.

Тибқи иттилои кумитаи «Гражданское содействие» (дар Русия ТҒД – агенти хориҷӣ эътироф шудааст), 4 ноябр дар бораи ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудани одамон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, лекин баъди ду рӯз прокуратура қарори муфаттишро бекор кард ва маводро ба тафтишоти дубора фиристод.

Дар идома мақомоти пулис ва муфаттишон чандин бор ба кормандони ҷабрдидаи мағозаҳо оғози парвандаи ҷиноятиро рад карда, додгоҳи ноҳияи Преображенский, ки аз болои қарорҳо ба он шикоят бурда шуда буд, мақомоти қудратиро дастгирӣ намуд.

Моҳи ноябри соли 2016 кормандони маркази ҳомии ҳуқуқи “Мемориал” (ба феҳисти агентиҳои хориҷӣ дохил шуда, моҳи декабри соли 2021 бо қарори суд барҳам дода шуд) дар ҳамдастӣ бо коршиноси “Гражданское содействие” дар мавриди парвандаи “ғуломони голяновӣ” ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоя бурданд. Моҳи ноябри соли 2021 ин додгоҳ парвандаро ҷиҳати баррасӣ қабул кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...