Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шуд

Дар чаҳорчӯби иҷлосияи XI Созмони ҳамкориҳоии исломӣ (СҲИ) барои нахустин бор дар бораи “Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом” эълон шудани Хива қарор қабул шуд. Дар ин бора Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон хабар додааст, менависад Azattyk. Аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) ислоҳоти анҷомдодаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бахши сайёҳӣ – соддагардонии раводид, ҳифзи мероси […]

Asia-Plus

Дар чаҳорчӯби иҷлосияи XI Созмони ҳамкориҳоии исломӣ (СҲИ) барои нахустин бор дар бораи “Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом” эълон шудани Хива қарор қабул шуд. Дар ин бора Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон хабар додааст, менависад Azattyk.

Аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) ислоҳоти анҷомдодаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бахши сайёҳӣ – соддагардонии раводид, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ободонии шаҳрҳои таърихиро омили аслии пирӯзӣ эътироф карданд.

Ба таври ҷудогона иқдомҳое барои эҳёи зоҳири таърихии Хева корҳои эҳёву барқарорсозӣ, инчунин насби дубораи поячӯбҳои интиқоли барқ, эҷоди шароит барои вуруди бештари гардишгарон, беҳбуди зерсохтор, бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, бутик-ҳотелҳо ва хобгоҳҳо (хостелҳо) мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

«Дар доираи Соли пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар шаҳри Хива дар сатҳи баланд ҷаласаи вазирони сайёҳӣ ва роҳбарони маъмурияти сайёҳии 57 кишвари узви СҲИ, конфронсҳои илмӣ, семинарҳо, намоишҳои аксҳо, намоишгоҳҳои бадеӣ ташкил ва баргузор мешаванд, ки имконоти сайёҳӣ дар Ӯзбекистонро ба маърази тамошо мегузоранд», – гуфта мешавад дар хабар.

Ба унвони пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шудан 5 шаҳр довталабӣ доштанд: Абу-Даби (АМА), Шанлиурфа (Туркия), Лагос (Нигерия), Душанбе (Тоҷикистон) ва Хива (Ӯзбекистон).

Солхои охир дар байни ин шаҳрҳо барои ғалаба дар номзадӣ муборизаи шадид идома дошт.

Аммо дар натиҷаи талошҳои Ӯзбекистон дар ин самт тасмим гирифта шуд, ки ба Хива мақоми “пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом” дода шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.