Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар Душанбе рӯзи 30 июн се нафар ҷавонон ва ду нафар наврасон боздошт гардида, аз онҳо корд ва электрошокерҳо мусодира шуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз боздоштшудагон 24 корд ва 4 электршокеру кастет дарёфт ва мусодира шудааст.

Аз ҷумла аз дӯкони савдои Амир Музаффарови 24-сола дар бозори “Варзоб” 16 корд ва 1 электрошокер, аз соҳибкор Алишер Алимбоеви 30-сола дар бозори “Ганҷина” 3 электршокер ва 7 корд мусодира гардидааст.

“Нисбати онҳо маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасии минбаъда ба мақомоти судӣ ирсол шуданд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, дар рафти чорабинӣ сокини 27-солаи пойтахт, ки қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ (Дуздӣ) маҳкум шудааст, барои бо корд дар кӯчаҳо сайругашт кардан боздошт шудааст.

Нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.

Ҳамин рӯз инчунин ду нафар наврасон боздошт шудаанд, ки аз онҳо корд ва электрошокер дарёфт шудааст.

“Вобаста ба ин нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол карда шуд”, – хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Қобили зикр аст, ки амалиёти “Корд” муддати чор сол инҷониб барои ошкор ва мусодира намудани яроқи сард, аз қабили корду кастет, электршокер ва ғайра аз аҳолӣ, бахусус ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Амалиёт бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва содир гардидани ҷиноятҳо байни ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард гузаронида мешавад.

Дар ин маводи мо дар бораи чӣ гуна тайёр кардани кордҳо, манъи фурӯши кадом навъҳои он ва ҷазои пешбинишуда барои касоне, ки бо яроқи сард гаштугузор мекунанд, маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...