Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн маҷлиси ҳукумат баргузор шуд. Таврк ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода шунида шуд. Раиси ноҳия иттилоъ дод, ки барои солҳои 2021-2025 барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 177 […]

Asia-Plus

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн маҷлиси ҳукумат баргузор шуд.

Таврк ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода шунида шуд.

Раиси ноҳия иттилоъ дод, ки барои солҳои 2021-2025 барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 177 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии лоиҳаҳо 226,1 млн сомониро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5,5 млн сомонӣ мавриди амалишавӣ қарор дошта, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 195 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супориш дод, ки фаъолият оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур карда шавад.

Сарвари давлат ҳамчунин дастур дод, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои корӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сипас дар кори маҷлис Нақшаи кори ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 ва масъала Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Ҳамчунин аъзои ҳукумат баъди муҳокима 8 хулосаи ҳукуматро ба лоиҳаҳои қонуну кодексҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин вобаста ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба ҳолати 1 январи соли 2022 ва Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Сангвор ба ҳолати 1 январи соли 2022 қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири кори маҷлис президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию босамари дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хурока, омодагии ҳамаҷониба ба давраи маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва  таъмини мунтазами неруи барқу гармӣ ба аҳолӣ, супоришҳои мушаххас дод.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.