“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт

Ноибқаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд» ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими “Дордой” қаҳрамони Қирғизистон мусовӣ кард (0:0). Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии […]

Ноибқаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд» ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими “Дордой” қаҳрамони Қирғизистон мусовӣ кард (0:0).

Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 «Хуҷанд» бо ноибқаҳрамони Ӯзбекистон «Суғдиёна» вомехӯрад, ки дар чоргонаи «Е» мақоми аввалро касб кард.

Гуфта мешавад, макони баргузории бозии финалии минтақаи марказӣ дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 14 июл барпо мегардад, муайян карда мешавад.

Дар гуруҳи “Е” КМВА (ЦСКА)-и Душанбе бозиро бо бо барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта – дастаи “Нефтчӣ” мусовӣ анҷом дода, дар ин гуруҳ зинаи сеюмро ишғол намуд.

Пас аз ба охир расидани даври гуруҳии Ҷоми КФО рейтинги навшудаи конфедератсия нашр шуд.

Ғалабаи “Хуҷанд дар даври гуруҳии Ҷоми КФО рейтинги умумии даставии Тоҷикистонро боло бардошт, ки барои ба мусобиқоти қораи Осиё байни дастаҳо пешбарӣ кардани 4 даста шуруъ аз мавсими 2024/25 имкон медиҳад.

Пирӯзии минбаъдаи “Хуҷанд” ба Тоҷикистон квотаи 1+3 (Лигаи қаҳрамонҳо+Ҷоми КФО)-ро кафолат медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.