Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода 30 июн бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон дидору гуфтушунид кард. Тавре ки шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқт Саъдӣ Каримзода зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, ҷиҳати тақвияти онҳо манфиати […]

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода 30 июн бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқт Саъдӣ Каримзода зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, ҷиҳати тақвияти онҳо манфиати мутақобила, хоҳиши тарафайн ва иқтидори бузург мавҷуд аст.

“Хусусиятҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ дар замони ҳозира, амалӣ намудани барномаю лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо мақсади афзун намудани гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ мебошад”, – иброз дошт ӯ.

Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон доир ба содироти молу маҳсулоти соҳаи кишоварзи Тоҷикистон аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво,  ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд ҳавасмандии хешро иброз намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик Созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни Вазоратҳои кишоварзии давлатҳо доир ба ҳамкориҳо барои  ташкил намудани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм, ҷалби сармояи бахши хусусии Арабистони Саудӣ ташкил намудани гармхонаҳо, анбор ва сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот бо назардошти содирот ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва содироти минбаъдаи асал ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҳамкорӣ оид ба ҷалби сармоягузории мустақими Арабистони Саудӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии афзалиятнок ба имзо расонанд.

Зимнан зикр мешавад, ки Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро 11 январи 1992 ба расмият шинохт ва  робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 22 феврали 1992 барқарор гардиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.