Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки Манораи 25-сола аз Файзобод худкушӣ кардааст

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки тафтиши пешакии далели марги зани 25-солаи сокини Файзобод Манораи Абдуфаттоҳ нишон додааст, ки ӯ худкушӣ кардааст.

Гуфта мешавад, бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералӣ иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз далелҳои пешакии мазкур, тафтиши парванда идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, 22 июни соли 2021 ӯ ҳангоми дар ноҳияи Файзобод қарор доштанаш, бинобар муомилаи бераҳмонаи наздикон бо истифода аз корди ошхонагӣ ба мавзеи гардан ва шиками худ зарбаҳои халанда ва буранда зада, он сабаби хунравии шадид гаштааст.

“Баъди 25-30 дақиқа аммаи Манора бародар ва хоҳари ӯро даъват карда, бо кӯмаки онҳо ва духтурони ёрии таъҷилӣ баъди 10-15 дақиқа номбурдаро ба беморхонаи Марказии ноҳияи Файзобод дастрас кардаанд. Бо вуҷуди андешидани кумаки аввалияи тиббӣ Манора бинобар хунравии зиёд фавтидааст”, – баён мегардад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, падари Манора – Абдуфаттоҳ Мисоқов бовар надорад, ки духитараш худаш ба ҷисмаш бо корд 26 зарба зада тавониста бошад ва он ҳам бисёри зарбаҳо дар қисмати гардан.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, падари Манора гуфтааст, як сол боз даҳҳо мактуб навишта, аз мақомот тафтиши одилонаи марги духтарашро хостааст.

“Мақомот инро бояд дақиқ кунанд. Духтари ман аз сӯзандору метарсид. Худаш хоҳари шафқат буд, вале агар як сӯзандору мезад, метарсид. Чӣ хел худаш ба гарданаш 14 кордча задааст? Ду кордча дар тарафи чап, ду кордча дар тарафи рост, ду кордчаи дигар дар шикам, панҷ кордча дар як даст, як кордчаи дигар дар дасти дигар мезанад? Агар худкушӣ мекард, худашро дар ташноб фалақ мекашид,” – иброз доштааст ӯ рӯзи 29-уми июн.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар номае ба ӯ гуфтаанд, “ҳама ваҷҳҳои пешниҳодшуда тафтиш хоҳад шуд”.

Ёдрас мекунем, ки қаблан прокуратураи ноҳияи Файзобод бо моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ба худкушӣ расонидан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, вале касе аз рӯйи ин далел гумонбар дониста нашуд.

Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт, ки бо қарори суд ба парастории оилаи ҳамсараш дода шуданд. Ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...