Дар ҷараёни бетартибиҳо дар Нуқус 18 нафар ҳалок шуданд

Дар ҷараёни нооромиҳои рӯзи 1-2 июл дар маркази маъмурии Қароқалпоқистон – Нуқус 18 нафар фавтида, 243 кас ҷароҳат бардоштаанд, аз ҷумла 38 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ба 149 нафар ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд. 94 нафар дар бемористонҳо боқӣ монда, бархе ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Тавре ки Газета.uz иттилоъ медиҳад, рӯзи […]

Дар ҷараёни нооромиҳои рӯзи 1-2 июл дар маркази маъмурии Қароқалпоқистон – Нуқус 18 нафар фавтида, 243 кас ҷароҳат бардоштаанд, аз ҷумла 38 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ба 149 нафар ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд. 94 нафар дар бемористонҳо боқӣ монда, бархе ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Тавре ки Газета.uz иттилоъ медиҳад, рӯзи 4 июл зимни брифинг намояндагони Гвардияи миллӣ ва Прокуратураи генералӣ дар ин бора маълумот додаанд.

Ба иттилои роҳбари хадамоти матбуоти Гвардияи миллӣ Даврон Ҷумъаназаров, рӯзҳои 1-2 июл 516 нафар дар ҷойи тазоҳурот боздошт шудаанд. Амалҳои боздоштшудагон мавриди санҷиш қарор дошта, ба бархе аз ҷазои маъмурӣ дода шудааст ва онҳо аз ҳабс озод шудаанд.

“Шаби 3 ба 4 июл барои риоя накардани талаботи соати комендантӣ (аз 21:00 то 7:00) 110 нафари беҳуда дар кӯча қарордошта боздошт шуда, 12 воситаи нақлиёти автомобилӣ ба ҷаримагоҳ интиқол дода шуд”, – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Ҷумъаназров чанде аз кормандони Гвардияи миллӣ аз қафаси синаву пойҳо ва сарашон ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Ӯ зикр кардааст, ки аз рӯзи душанбе ҳамаи мағозаҳои хӯрокворӣ, бозору корхонаҳои нонпазӣ, биржаву бонкҳо, ташкилоту корхона, беморхонаҳо ва дигар иншооти бахши иҷтимоӣ фаъолияти худро пурра барқарор кардаанд.

Намояндаи Гвардияи миллӣ илова намудааст, ки аҳолӣ бо реҷаи муқаррарӣ бо обу барқ ва газ таъмин мешавад.

Ёдрас мекунем, ки пас аз эълони ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ӯзбекистон, ки дар онҳо бекор шудани мустақилии Қарақалпоқистон пешбинӣ гардида буд, дар Нуқус намоишҳои эътирозӣ сар заданд. Эътирозҳо баъди ба Нуқус омадани президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва изҳори назари ӯ бобати бекор шудани ин тағйирот ба охир расиданд.

Қобили зикр аст, ки дар Қарақалпоқистон аз 3 июл то 2 август реҷаи ҳолати фавқулода ҷорӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.