Cохтмонҳо дар Душанбе ба тартиб дароварда мешаванд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе талабот ба иҷрои корҳои сохтмонро сангинтар кард, то ки ба интихоби ширкати арзанда, ҳимоя аз ҳиссагузорон ва моликон ва пешгирии ба таври сунъӣ ба муҳлати тӯлони давом додани корҳои сохтмон мусоидат карда шавад.

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавии корҳои сохтмониро таҳия ва тасдиқ намуд. Тартиби мазкур бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 16 июни соли равон таҳия шудааст.

Дар Тартиби нав пеш аз ҳама, пешбинӣ мешавад, ки ширкати бинокор бояд маълумотномаи тасдиқшуда дар бораи набудани қарз аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пешниҳод намояд.

Ҳамчунин паймонкори имконпазир бояд маълумотномаи асоснокии лоиҳаи ангоравӣ бо нишондодҳои техникӣ – иқтисодӣ (пешакӣ) дошта бошад.

Ғайр аз ин, ширкати сохтмонӣ уҳдадор мешавад, ки мавҷудияти суратҳисоби бонкиро, ки дар он на камтар аз 20% аз арзиши умумии бинои сохташаванда маҳфуз аст, ба таври ҳуҷҷатӣ тасдиқ намояд. Ҳамчунин ширкат бояд мактуби кафолатноки бонкӣ ба маблағи на камтар аз 5% аз арзиши иншооти сохтмонро пешниҳод кунад.

Илова бар ин, кушодани суратҳисоби ҷудогона “дар бонкҳои муваффақ” барои соҳибкорони инфиродӣ ва ҷамъоварии маблағҳои ҳиссагузорон талаб мешавад. Шояд зери мафҳуми “бонкҳои муваффақ” бонкҳои низомсоз дар назар бошанд, ки ҳамасола аз ҷониби Бонки миллӣ муайян карда мешаванд.

Ба ширкати сохтмоние, ки бори аввал ба корҳои сохтмонӣ машғул мегардад, таҳияи лоиҳа барои сохтмони танҳо як бино (як блок) иҷоза дода мешавад.

Барои сохтмони маҷмааи биноҳо танҳо ба ширкатҳои сохтмонии таҷрибадор ва дорои заминаи моддию техникии замонавӣ (гардиши солона бояд на камтар аз 50 млн сомонӣ бошад) бартарият дода мешавад.

Ҳамчунин дар тартиби нав шартҳои зерини “мушкилдор” эътироф гардидани ширкати сохтмонӣ муқаррар карда шудааст:

– оғози корҳои сохтмон бидуни анҷоми пардохтҳои ҳатмӣ;

– дағалона вайрон кардани меъёрҳои сохтмон;

– сохтмони худсаронаи биноҳои иловагӣ ва ошёнаи дар лоиҳа пешбининашуда;

– таъхири беасоси ба истифода додани иншооти сохтмон ба муҳлати зиёда аз шаш моҳ.

Талаботи нав ба сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва хонаҳои хусусӣ (шахсӣ) дахл надоранд.

Дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ зарурати ҷорӣ шудани тадбирҳои иловагиро интихоби паймонкорони арзанда, ҳимоя аз ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии саҳмгузорон ва моликон, инчунин бартараф намудани ҳолатҳои ба таври сунъӣ кашол додани муҳлатҳои анҷоми корҳои сохтмон маънидод мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...