Дар Русия ба муҳоҷирон истифодаи бепул аз хидматрасониҳои тиббӣ иҷоза мешавад

Думаи давлатии Русия дар бораи аз моҳи январи соли 2023 таъсис додани фонди иҷтимоӣ қарор кабул кард. Дар доираи он муқаррар намудани таърифаҳо (тарифҳо)-и ягонаи ҳақмуздҳои суғуртавӣ барои суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ, тиббӣ ва нафақа барои ҳама бо шумули шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Тавре ки дар сомонаи Думаи давлатӣ хабар дода мешавад, тағйирот ба қонун дар […]

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия дар бораи аз моҳи январи соли 2023 таъсис додани фонди иҷтимоӣ қарор кабул кард. Дар доираи он муқаррар намудани таърифаҳо (тарифҳо)-и ягонаи ҳақмуздҳои суғуртавӣ барои суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ, тиббӣ ва нафақа барои ҳама бо шумули шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре ки дар сомонаи Думаи давлатӣ хабар дода мешавад, тағйирот ба қонун дар ҷаласаи рӯзи 29-уми июни Думаи давлатӣ дастгирӣ шудааст.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар ин робита гуфтааст, бо ҷорӣ гардидани таърифаи ягона касоне, ки бо шартномаҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ кор мекунанд, метавонанд варақаи корношоямӣ (беморӣ) гиранд ва барои давраи ҳомиладориву таваллуд, нигоҳубини кӯдаки то якунимсола пул гиранд.

Гуфта мешавад, айни замон танҳо кормандоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, чунин ҳуқуқ доранд.

Тавре ки “Российская газета” бо истинод ба роҳбари Кумитаи марбутаи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ Ярослав Нилов хабар медиҳад, қонун ба муҳоҷирони корӣ низ дахл хоҳад дошт.

Ӯ зикр кардааст, ки коргарони хориҷӣ ба мисли русиягиҳо метавонанд бепул аз хидматрасониҳои тиббӣ дар чаҳорчӯби суғуртаи ҳатмии тиббӣ истифода кунанд.

Лекин муолиҷаи муҳоҷирон бо асосҳои умумӣ танҳо пас аз се соли баъди аз ҷониби корфармо пардохт шудани ҳақмузди суғуртавӣ, шурӯъ мегардад. То ин дам ба хориҷиён танҳо кумаки таъҷилии тиббӣ дастрас хоҳад буд.

“Ҳозир муҳоҷирон ҳангоми ба кор қабул шудан дар Русия ба корфармо полиси суғуртаи тиббии иловагиро пешниҳод мекунанд ё худи корфармо барои пешниҳоди хидматрасониҳои тиббӣ ба коргарон қарордоди тиҷоратӣ мебандад. Дар ин ҳолат пулро ширкатҳои хусусӣ мегиранд, акнун бошад, ба буҷет маблағ ворид мешавад”, – зикр кардааст Нилов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.