Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди Қурбон барои куштани чорво дар шаҳр танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда иҷозат додааст. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе ба “Азия плюс” хабар доданд.

Забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2 кӯчаи Шукуҳӣ 44 иҷозат дода шудааст. Дар маҳаллаи Ховарон чорворо метавон дар  теппаи Шарқӣ минтақаи 7, маҳаллаи Чиноро-1 кӯчаи Назаршоев 374, маркази савдои Ховарон кӯчаи Айнӣ 259, маҳаллаи Фалакон, маҳаллаи Қуштеппа (1 Май), маҳаллаи Яккатут, маҳаллаи Чилмеҳроб забҳ кард.

Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ мумкин аст: дар кӯчаи Қаҳҳорров (наздикии Фабрикаи шири “Саодат”), маҳаллаи Гулбутта, кӯчаи Мир-Алӣ  шаҳраки 42, кӯчаи Барбад назди бинои 64 (М/С Ганҷ) шаҳраки 62, кӯчаи Есенин – 47/2 маҳаллаи Қаротегин.

Дар ноҳияи Сино дар рӯзи ид ба куштани чорво дар кӯчаҳо Пахтакор 70, Тургенев 29, Наврӯз 280, Фурузон 162, дар маҳаллаи Роҳи нав-кӯчаи Раҳмон Набиев 292/2, кӯчаи Лермонтов 466, кӯчаи Ҳувайдуллоев 12 А, маҳаллаи Ҳаёти нав 74, Ҳаёти нав 313, маҳаллаи Меҳнатобод, Лучоби боло ва поён, маҳаллаи Арғувон-кӯчаи Шодоб 153, маҳаллаи Камонгарон- кӯчаи Ҳувайдуллоев 252, маҳаллаи Ҳисорак, маҳаллаи Панҷруд маҳаллаҳои Навободи боло ва поён, маҳаллаи Ҳамадонӣ кучаи Мехкалон 50 хонаи 27/3, Деҳи боло 222, маҳаллаи Шараф, маҳаллаи Меҳробод 2 гузаргоҳи Қубодиён 18 иҷозат дода шудааст.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ куштани чорво дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ-дар наздикии Маркази гармидиҳи – 2 (ТЭЦ)-и Душанбе иҷозат дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки аз соли 2007 то 2017, дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар пойтахт забҳи чорво қатъиян манъ буд. Аз соли 2017, шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ дар дар ҷойҳои махсус ҷудошуда дар шаҳр ба қурбонии чорво иҷоза дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...