Панҷ мушак ба қаламрави Ӯзбекистон афтодааст, эҳтимол аз Афғонистон

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Баъд аз зуҳри 5 июл дар минтақаи марзии Ӯзбекистон афтидани панҷ мушак, ки эҳтимол аз қаламрави Афғонистон партоб шудааст, мушоҳида шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҳангоми афтидани мушакҳо таркиш ба амал наомада, дар натиҷа талафоти инсонӣ ва тахриб дар пай надоштааст.

"Дар маҳаллаи "Маҷнунтол"-и Тирмиз ба чаҳор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расида, мушаки панҷум аз майдони футбол пайдо шуд." – омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад айни ҳол мақомоти қудратии Ӯзбекистон ба ҳамроҳи тарафи Афғонистон дар ҳоли анҷоми иқдомоти лозим барои муайян кардани сабаби ин ҳодиса ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки  бино ба гузориши гурӯҳи SITE, шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 18-уми апрел гуфта буд, ба як пойгоҳи низомии Ӯзбекистон дар шаҳри наздимарзии Тирмиз 10 мушак партофт.

Сухангӯи президенти Ӯзбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 19-уми апрел хабарҳоро дар бораи он ки гӯё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонда буд.

Ҳукумати Ӯзбекистон ва Вазорати дифоъ ҳам иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба ҳуҳуди кишварро рад карда буд.

Он замон гуруҳи "Толибон" ҳам хабарҳои ҳамлаи гуруҳи ДОИШ аз Афғонистон ба Ӯзбекистонро рад карда буданд. Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, 19 апрел бо интишори твите партоб шудани ракет аз хоки Афғонистон ба шаҳри Тирмизи Ӯзбакистонро овоза хонда ва рад карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...