Содироти тарбуз аз Ӯзбекистон бамаротиб аз рекорди солҳои пешин зиёдтар аст

Ҳаҷми содироти тарбуз аз Ӯзбекистон ба хориҷи кишвар аз рекорди солҳои пешин бамаротиб зиёд шуда истодааст. Аз нимаи моҳи май то охири моҳи июн аз Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 63 ҳазор тонна тарбуз фиристода шудааст, хабар медиҳад Podrobno.uz. Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи гумруки ин кишвар, дар давраи аз 16 май то 30 июни […]

Ҳаҷми содироти тарбуз аз Ӯзбекистон ба хориҷи кишвар аз рекорди солҳои пешин бамаротиб зиёд шуда истодааст. Аз нимаи моҳи май то охири моҳи июн аз Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 63 ҳазор тонна тарбуз фиристода шудааст, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи гумруки ин кишвар, дар давраи аз 16 май то 30 июни соли 2022 Ӯзбекистон ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ 63,4 ҳазор тонна тарбуз интиқол додааст, ки 3,1 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Агар ба назар гирифта шавад, ки дар ҳамин давраи солҳои 2018-2020  содироти тарбуз аз Ӯзбекистон ҳамагӣ ҳудуди 3 ҳазор тоннаро ташкил медод, пас ҳаҷми содирот дар якуним моҳ аз оғози мавсими имсола дар муқоиса бо нишондиҳандаи солҳои 2018-2020 беш аз 20 баробар зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 99% аз ҳаҷми умумӣ ба бозори кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва наздики 1,5%-аш ба бозорҳои чор кишвар фиристода шудааст: Тоҷикистон – 700 тонна, Муғулистон – 155 тонна, Украина – 42 тонна ва Латвия – 18 тонна.

Бино ба маълумоти иштирокчиёни бозор, ба ҳолати 1 июли соли 2022 вобаста ба навъу сифат ва минтақаи кишвар бидуни назардошти хароҷот ба навъбандӣ ва ба нақлиёт бор кардан, нархи хариди 1 кило тарбуз аз саҳро 500-100 сӯм (0,05-0,1 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.